Jump to content

Наълбандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Наълбандӣ яке аз шохаҳои ҳунарҳои оҳангарӣ ба ҳисоб рафта, аз замони қадим то ба имрӯз идома дорад. Бояд гуфт, ки барои сохтани наъли асп аввал танӯри оҳангариро бо оташи ангиштсанг сахт тасфонида, сипас, оҳани одиро дар он мегузоранд. Баъд аз сурх шудани оҳани дар оташбуда онро бо асбоби махсуси оташгирӣ аз даруни танӯр ё дастгоҳи наълсозӣ гирифта, бо болғаи вазнин оро медиҳанд ва дар ҳолати сурх шудани оҳан онро дар қолаби наъли пойи асп гузошта, боз ҳам ба болғаи вазнин оро медиҳанд. Баъди омода гардидани наъл усто онро бо мехчаҳои махсуси наълбандӣ дар пойи асп мезанад. Наълро бо мақсади он дар пойи асп мегузоранд, ки асп ҳангоми давидан, ё ин ки дар кӯҳу пуштаҳо ва ё дар вақти ба маъракаҳои бузкашӣ иштирок намудан аз пой наафтад, зеро он ки асп ҳайвони азимҷусса аст ва дар вақти давидан, агар дар пояш наъл набошад, пойҳояш зуд дардманд мегардад ва ҳам зуд-зуд мелағжад. Тибқи иттилои мутахассисон, аввал бояд дар пойҳои пеши асп наълро банданд. Ҳангоми наълбандӣ аспро дар як мех сахт баста, як нафар бо ҳушмуомилагӣ аспро ба худ ҷалб менамояд ва усто наълро ба таври фаврӣ дар ҷойи махсуси таги пойҳои асп мезанад, ки ин ҳолат хеле хатарнок ҳам мебошад. Агар дар ҷойи ноқулайи пойи асп наълро занӣ, пойи асп дарманд мегардад.[1]