Нақби автомобилгарди «Истиқлол»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Anzob entranc 2015.jpeg

Нақшаи сохтумони нақби (тоннели Анзоб) автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе - Хуҷанд) дар даврони шӯравӣ кашида шуда буд. Солҳои 1982 – 1991 ҳамагӣ 317 метри нақб канда шуда буд.

Роҳи автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе - Хуҷанд) дар масофаи 80 км дуртар аз Душанбе дар баландии 3372 метр қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Мушкилии фасли зимистон намегузошт, ки (5 - 6 моҳ ағбаи Анзоб пушида буд) мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд. Дарозии нақб — 5040 м

Сохтмони нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» соли 1998 бо кўмаки молиявии Эрон сар шуд.

Дарозии нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» 5040 метрро ташкил медиҳад.[1] Сохтмони он аз ду ҷониб - шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст. Соли 2003 эрон ва Тоҷикистон дар бораи сохтмони нақби «Истиклол» созишнома ба имзо расониданд. Ҳаҷми маблағгузорӣ - $39 млн. аз ҷумла $10 млн. - ёрдами гранти Эрон, $7,8 млн. - малағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи (кредит) Эрон.[2]. Ифтиоҳи расмии кушодашавии нақби «Истиклол» 26 июл и 2006 баргузор гардид [3]. Нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» имконият фороҳам овард, ки равобити байни вилояти Суғд бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.

Эзоҳ[вироиш]