Нақшхонӣ
Нақш, Нақшхонӣ – суруди тӯёнаи арӯсиву домодист (яке аз намуди сурудҳои халқӣ), ки гуруҳи мардон бо ҳамроҳии сарнақшхон иҷро менамоянд. Нақшхонӣ, асосан, дар баъзе навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Истаравшан, Мастчоҳ дида мешавад, ки аз 3 қисми паиҳам ва ба ҳамдигар мухолиф иборат аст: Нақши калон, Нақши миёна ва Нақши хурд. Нақшро бештар дар мавсими баҳору Наврӯз ва Сайри гули лола иҷро мекунанд. Дар байни мардуми кӯҳистони шимоли Тоҷикистон ду намуди Нақш ва нақшхонӣ мавҷуд аст, ки хусусиятҳои хоси фарқкунанда дошта, асосан дар тӯйҳо иҷро карда мешавад:
1. Нақши «Шамъ» оҳанги ба худ хоси тӯёна дошта, аз ҷониби яккахон ва гуруҳи мардон бо мад кашидани овоз иҷро мегардад. Матнаш асосан аз дубайтиву рубоиёти мардумӣ иборат буда, зарбаш се чоряк аст ва аз ин рӯ валсмонанд суруда мешавад. Масалан:
- Сарнақшгӯй
- Рафтем раҳи дуродур-е,
- Ҳама
- Ҳай, ёр-ёр, ёра.
- Сарнақшгӯй
- Овардем ниҳоли гул-е,
- Ҳама
- Ҳай, ёр-ёр, ёра.
- Сарнақшгӯй
- Ин гула куҷо монем-е?
- Ҳама
- Ҳай, ёр-ёр, ёра.
- Сарнақшгӯй
- Дар ҳавлеки Мирзогуле-е,
- Ҳама
- Ҳай, ёр-ёр, ёра.…
2. Нақши «Мулло», ки оҳангаш нисбатан шӯх буда, зарби шикастаи шашҳаштякӣ дорад, бо як руҳияи баланди тӯёна ва муфарраҳ иҷро мегардад:
На чаман, на гул, на бӯстон,
Кӣ канад гул аз гулистон.
Хабарест, ки нав расидаст,
Ту магар хабар надорӣ?
Истилоҳи «Нақш» дар рисолаҳои мусиқии мусиқишиносони тоҷик Абдулқодири Мароғаӣ (Гӯянда – асри XIV) ва Кавкабии Бухороӣ (асри XVI) оварда шудааст. Инчунин дар Осиёи Марказӣ як шакли қадимаи сурудро «Нақш» меномиданд, ки ба тарона шабоҳат дошта, матнаш танҳо аз рубоӣ иборат буд. Дар ҷашнҳои арӯсӣ ҷӯраҳои домод аз қафои қофилаи арӯсбарон ва гоҳҳо дар рӯйи ҳавлӣ соатҳо нақшхонӣ мекунанд. [1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 27. – 280 с.