Некрӯз Ниёзов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Некрӯз Ниёзов
Таърихи таваллуд 21 октябр 1995(1995-10-21)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 сентябр 2023(2023-09-22) (27 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз, танзимкунандаи мусиқӣ

Некрӯз Ниёзов (21 октябр 1995, ноҳияи Шуғнон, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон22 сентябр 2023, Душанбе) — овозхон ва оҳангсози тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Некрӯз 21 октябри соли 1995 дар хонаводаи мусиқачиён ба дунё омадааст. Коллеҷи санъати шаҳри Душанберо хатм кардааст, вале овозхониро чанд сол пеш оғоз намуда буд[1].

Соли 2018 намоҳанги аввалини Некрӯз таҳти унвони «Оҳиста-оҳиста» нашр шуд ва аввалин дуэташро бо Меҳрнигори Рустам бо номи «Рақс бикун» сурудааст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Некрӯз Ниёзов дар синни 27-солагӣ 22 сентябри 2023 бар асари як тасодуфи ҷодаӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт ва 23 сентябр ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба хок сипурданд[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Некрӯз Ниёзов бар асари бархӯрди мошине ба мошинаш даргузашт. Pressa.tj. 25 сентябри 2023 санҷида шуд.
  2. Рао/Ро. Некрӯз Ниёзовро дар ноҳияи Шуғнон дафн карданд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (23 сентябри 2023). Проверено 25 сентябри 2023.