Меҳрнигори Рустам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Меҳрнигори Рустам - овозхони мусиқии попи тоҷикӣ, 14 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст.

Меҳрнигор
Меҳрнигори Рустам
Санаи таваллуд

14 октябр 1994(1994-10-14) (25 сол)

Зодгоҳ

ноҳияи Ховалинг, Тоҷикистон

Касб(ҳо)

овозхон

Асбоб

вокал[d]

Сабк

мусиқии попи тоҷикӣ

Зиндагинома[вироиш]

Меҳрнигори Рустам - овозхони мусиқии попи тоҷикӣ, 14 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Меҳрнигор аз синни 5 солагӣ ба суруд хондан оғоз карда то имрӯз дар озмунҳои зиёд иштирок кардааст. Вай мактаби байналмиллалии шаҳри Душанберо соли 2011 хатм кардааст. Донишҷӯи факултаи академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов буд ва соҳиби таҳсилоти олӣ гардидааст, ҳамзамон дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард. Бародараш Сафармуҳаммад Қодирӣ мебошанд.

Эҷодиёт[вироиш]

Соли 2001 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ва соли 2003 дар озмуни «Офтобак» ширкат карда, соҳиби Шоҳҷоизаи ин озмун шудааст. Баъдан дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шудааст. Соли 2006 дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ду медали тилло - дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил шудааст.[1]Дар Озмуни «Ҷило-2014», дар шаҳри Душанбе аз рўи 12 номинатсия ва аввалин бор дар сатҳи байналмиллаӣ доир гардид. Дар яке аз бахшҳои озмуни «Ҷило» дар самти «Мусиқии замонавӣ ва машҳур», овозхони беҳтарини мард Нобовар Чаноров ва сарояндаи зан Меҳрнигори Рустам дониста шуданд.[2] Ҳамроҳи сарояндагони варзидаи эстрадаи тоҷик: Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибеки Мурод, Дамирбек Олимов Меҳрнигори Рустам (бо суруди "Таронаборон") дорандаи ҷоизаи "Tamoshow Music Awards – 2017" аз рӯи рейтинги шабакаи Ютуб соҳиб шудаст. Барои гирифтани ин ҷоизаи мӯътабари мусиқии тоҷик дар 9 бахш 45 номзад мубориза бурданд.[3]

Эзоҳ[вироиш]