Jump to content

Низоми истило

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми истило - дар тарзи тасарруфи қаламраве, ки ба ин ё он кишвар тааллуқ надорад, ба воситаи татбиқи амалҳои гуногун оид ба ғасби он ифода мегардад. Амалияи байналмилалӣ навъҳои гуногуни забтро медонад: забти ҳарбӣ (масалан, забти Кувайт аз ҷониби Ироқ); истило ҳамчун воситаи таъмини иҷроиши ӯхдадориҳои байналхалқӣ (масалан, забти қаламрави Олмон дар ҷанги дуюми ҷаҳон) ва ғайра. Моҳияти низоми забт дар барқарор кардани ҳокимият ва назорати муваққатӣ дар қаламрави тасарруфшуда ифода мегардад. Оинномаи СММ забтнамоиро ҳамчун усули қонунӣ ба даст овардани қаламрав эътироф накардааст. Кишвари забткунанда уҳдадор асг, ки кишвари тасарруфгаштаро пурра аз ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ маҳрум нанамояд ва қаламрави онро ба дигар кишварҳо надиҳад. Давлати истилогар уҳдадор аст, ки аҳолии қаламрави тасарруфшударо бо маводи хӯрокворию доруворӣ таъмин намояд ва ба фаъолияти мӯътадили муассисаҳои тиббӣ мусоидат кунад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 337