Jump to content

Нисо Муҳаммадҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нисо Муҳаммадҷонова
Таърихи таваллуд: 24 июн 1946(1946-06-24) (78 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо, садогузор
Ҷоизаҳо:

Нисо Муҳаммадҷонова (Нисо (Надежда) Мамадҷонова; зод. 24 июн 1946, ноҳияи Куйбишев) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нисо Муҳаммадҷонова 24 июни соли 1946 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Соли 1947 падараш аз олам чашм мепӯшад. Мактаби умумии 8-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ хатм мекунад ва қобилияти баланди мусиқӣ доштан сабаб мешавад, ки соли 1960 ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шавад. Ба таври тасодуфӣ Убайдулло Раҷаб боис мешавад, ки Нисо Муҳаммадҷонова аз омӯзишгоҳи мусиқӣ ба студияи назди Театри Лоҳутӣ мегузарад. Аз соли 1964 корро дар театр шурӯъ мекунад.

Дар зиёда аз сад намоишномаҳои Театри Лоҳутӣ баҳри дар назари бинанда ба ҷилва овардани хулқу атвори қаҳрамононаш ранҷ кашид ва комгор гардид: «Хизматгори ду хоҷа», «Садо аз тобут», «Фарёди ишқ», «Охирин арӯси амиралмӯъминин», «Шаби гирифтани моҳ», «Медея», «Хатро ман навишта будам», «Авлиё ва осӣ», «Сарбозони инқилоб», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Саид», «Интизорӣ», «Хонадони Бернар», «Дилҳои сӯзон», «Рустам ва Суҳроб», «Корвони бахт», «Беватан» номгӯи чанде аз ин намоишномаҳост.

Дар дубляжи беш аз панҷсад филм ба забони тоҷикӣ иштирок кардааст.

Дар чанд филми тоҷикии киностудияи Тоҷикфилм, аз ҷумла «Нишони зиндагӣ», «Пой дар гил», «Сафари ҳавоӣ», «Хушдоманҳо ва ё ман на манам», «Автобус» ва «Парвоз» нақш офаридааст.

Бо ордени «Шараф» сарфароз гардидааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.