Нобовар Чаноров
Нобовар Чаноров | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 25 декабр 1970 (53 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯшон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нобовар Чаноров (зод. 25 декабр 1970) — овозхон ва оҳангсози тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нобовар Чаноров 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Мактаби рақами 6-и рустои «Деҳрушон»-и ноҳияи Рушон ва донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси актёр ва режиссёр хатм кардааст. Гурӯҳи «Шамс» аслан бо мусиқии мардумӣ сару кор дорад ва то ба ҳол чор албоми гурӯҳ омода шудааст. «Шамс» ҳамчунин дар Афғонистон, Ӯзбекистон, Русия ва Аврупо низ шуҳрат дорад.[1] Нобовар ба оҳангу таронаҳои мардумӣ умри дубора мебахшад ва сафарҳои ҳунарии ӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Италия, Испания, Белгия, Русия ва кишварҳои дигар истиқболи гарм ёфтаанд.
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамроҳи сарояндагони варзидаи эстрадаи тоҷик: Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Меҳрнигори Рустам, Дамирбек Олимов Ҷонибеки Мурод Нобовар Чаноров (бо суруди «Ба лолазор») дорандаи ҷоизаи «Tamoshow Music Awards — 2017» аз рӯи рейтинги шабакаи Ютуб соҳиб шудаст. Барои гирифтани ин ҷоизаи муътабари мусиқии тоҷик дар 9 бахш 45 номзад мубориза бурданд.[2]