Фарзонаи Хуршед

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Фарзонаи Хуршедовозхони машҳури мусиқии попи тоҷикӣ. Фарзона 11 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст.

Фарзона
Фарзонаи Хуршед
Санаи таваллуд

11 июл 1989(1989-07-11) (30 сол)

Зодгоҳ

Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС

Касб(ҳо)

овозхон

Сабк

мусиқии попи тоҷикӣ

Пас аз моҷаро ва сару садоҳои охирин Фарзонаи Хуршед дар васоити ахбори омма ва дар байни ҳаводоронаш маъруфият пайдо кард. Ба рақсу суруд машғул шуданаш аз муҳити оилавиаш вобастагӣ дорад; модараш ҳунарпеша — Сурайё Қосимова, апааш овозхон — Шабнами Сурайё. Насаби Хуршедро аз падараш Хуршед Рабиев ба вай гузоштаанд. Соли 2014 бо сабти клипҳои «Ашк» ва «Лола», композитсияҳои мусиқии «Иллоҳи», «Ёрам», соли 2015 бо суруди «Очаҷон» шумораи мухлисонаш зиёд гардидаанд. Дар соли 2015 Фарзона дар мусобиқаи мусиқии «Big Apple Music Awards 2015» дар шаҳри Ҳамбург, Олмон беҳтарин овозхони мусиқии попи Тоҷикистон эълон шуд. Соли 2015 бо овозхон Фаридуни Хуршед хонадор мешавад, ҳоло ду фарзанд, духтаре бо номи Закия ва писаре бо номи Муҳаммад доранд.

Ҳаволаҳо[вироиш]