Jump to content

Дамирбек Олимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дамирбек Олимов
Олимов Дамирбек Ботурҷонович
Ном ба ҳангоми таваллуд Дамирбек Ботурҷонович Олимов
Таърихи таваллуд 20 март 1989(1989-03-20)
Зодгоҳ ноҳияи Ғончӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 5 феврал 2022(2022-02-05) (32 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 20092022
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк шашмақом, мавригӣ
Ҳамкорӣ Нигина Амонқулова
Ҷонибек Муродов
Ношир(он) Tamoshow

Дамирбек Олимов (Олимов Дамирбек Ботурҷонович; 20 марти 1989, ноҳияи Ғончӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 5 феврали 2022, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — яке аз овозхонҳои тоҷик дар сабки ретро. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Ғончӣ дар оилаи сароянда Ботурҷон Олимов ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1995—2004 дар донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дониш андӯхта, онро хатм кардааст. Фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов фаъолият макард ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози «Садои Суғд» кор мекард.

Дамирбек Олимов оиладор ва соҳиби 3 фарзанд, 2 писару 1 духтар буд.

Шуҳрати Дамирбек соли 2011 бо хондани суруди «Зулфони майда дорӣ» дар «Чакомаи гесӯ» баъдтар мавригии «Ҷон бачаи хола» дуэт бо Нигина Амонқулова инчунин намоҳанги «Мавригӣ» ва дертар бо таронаи «Дунё» машҳур шуд.[1][2]

Се албоми таронаҳояшро «Рози муҳаббат», «Масти тарона» ва «Дунё» рӯнамоӣ кардааст.

Дамирбек Олимов тақрибан соати 01:40-и шаби 5 феврали соли 2022, дар роҳи Сомғор-Хуҷанд, дар мавзеъи «Боғи миллии Ваҳдат» аз уҳдаи идораи мошин набаромада, мошинаш чаппа мешавад ва дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.[3][4] Ҷасади ӯро ҳамон рӯз пас аз пешин дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич дафн карданд.[5]

  • Медали «Хидмати шоиста» (2017);
  • Нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон».