Нони чаппотӣ
Зоҳир

Нони чаппотӣ (нони тунук)- ба зарфе орд, об, намак, хамиртуруш андохта, хамир мекунанд. Хамир бояд мулоим бошад. Баъди расидани хамир зуволачаҳои майда-майда бурида, дар рӯи дастархон мечинанд ва болои онҳоро 25-30 дақиқа пӯшонда мемонанд, то ки дам гирад. Баъд тунук мекунанд ва ба рӯи рафида монда, ба танӯри тафсон мечаспонанд. Қутри нони тунук одатан 50-60 см мешавад.
- Чаппотӣ, шапотӣ як навъ нон аст. Барои тайёр кардани чаппотӣ хамир мекунанд ва то расидани он (30-40дақиқа) болояшро пӯшида мемонанд. Баъди расидани хамир 250-300 г зувола гирифта, онро ба андозаи 0,3 см тунук мекунанд ва дар танӯр ё дегдон мепазанд. Ҳангоми тунук кардани хамир баъзан мувофиқи хоҳиш ба вай шир ё равған ҳамроҳ мекунанд. Вазни ҳар чаппотӣ 250-450 г ва андозаи курси он 40-50см мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нонпазӣ. 20 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |