Нони ширмол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нони ширмол- тайёр кардани хамири нони ширмол хеле мураккаб аст: пеш аз ҳама нахӯд ва розиёна (бодиён)-ро ҷӯшонда, ба оби он як миқдор орд андохта, пайгир (опара) тайёр мекунанд. Пайгир баъд аз 5-6 соат мерасад. Онро ба сифати хамирмоя истифода бурда, ба орди гандум шир андохта, хамир меҷӯлонанд. Хамирро мушт мекунанд, баъд аз расиданаш зуволаҳои 200 г бурида, нони ғафсии канораҳояш 3 ва мобайнаш 1 см месозанд. Ба мобайни нони ширмол нонпар зада, канораҳояшро бо корд ё бо нонпари махсус оро медиҳанд. Нони ширмолро дар танӯри тафсон мепазанд. Барои нони ширмол ба 1 кг орд 2 истакон шир, 1 истакон нахӯд[[, 1 қошуқча розиёна, 2 қошуқча намак лозим аст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]