Носир Саидов
Носир Озодович Саидов | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Носир Озодович Саидов |
Таърихи таваллуд: | 19 феврал 1966 (58 сол) |
Зодгоҳ: | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон |
Касб: | коргардон |
Корнома: | 1990- |
IMDb: | ID 3620631 |
Носир Озодович Саидов - коргардони синамои тоҷик, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Носир Саидов 19 феврали соли 1966 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Факултети коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1989 хатм мекунад. Баъди хатми Донишкада фаъолияти кориашро дар киностудияи "Тоҷикфилм" дар вазифаи ёрдамчии коргардон шурӯъ карда, то соли соли 1991 дар ин муассиса кор кардааст. Аммо ҳануз дар замони донишҷӯ буданаш малакаҳои кориро аз беҳтарин устодони Донишкада ва устодони амалӣ аз қабили Мақсудшоҳ Ҳимматшоев ва Валерий Аҳадов аз худ мекунад. Фаъолияти эҷодии Носир Саидов асосан аз соли 1990 шурӯъ мешавад. Ӯ дар филми мазҳакавии “Бозиҳои бегона” ба сифати ёрдамчии коргардон корро шурӯъ кард. Даврони такмилёбии касбияти ӯ дар Маскав пушти сар шудааст. Соли 1991 барои кор ба шаҳри Маскав меравад ва то соли 1993 дар театр-студияи «Полуостров» ва баъд аз он то соли 1997 дар студияи “Мосфилм” дар вазифаҳои коргардон ва саркоргардон фаъолият дошт. Баъдан, ба студияи “Ввысь” мегузарад, ки то замони баргаштан ба Тоҷикистон кор кардааст. Дар ин давра ӯ дар офаридани филмҳои «Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, (Я обещала, я уйду» кинокомпания «Тискино», 1991), «Зиндагии шахсии малика» («Личная жизнь королевы» «Мосфильм», 1993),«Падари маҳтобӣ» («Лунный папа» 19999), «Шик» (2003), «Танкер «Танго» (2005) дар вазифаи коргардони дуюм нақш доштааст. Инчунин, дар соли 1996 саркоргардони филми мустанади “Дар ҷустуҷӯи дустон” («Тоҷикфилм») мебошад. Соли 1999 Носир Саидов ба ватан баргашт ва дар идораи мусиқии телевизиони Тоҷикистон дар вазифаи саркоргардон фаъолият дошт. Як сол баъд, дар идораи мусиқии ТВТ саркоргардони барномаи “Субҳ” таъйин мешавад. Фаъолияташ дар ин муассиса дер напоид, боз ба Маскав бармегардад. Аз соли 2003 то соли 2004 дар ҷои кори қаблиаш - студияи «Ввысь» кор мекунад. Дӯстонаш мегӯянд, ҳунари Носир барои ҳамкоронаш дар Маскав маълум буд. Бар зами ин, ҳуввият ва тоҷикияти Носир Саидов ӯро ҳамеша дар назди ҳамкорони русаш чун тоҷики пурғурур ҷилва медод. Соли 2004 ба Душанбе омад. Саркоргардони Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” таъйин шуд. Аз фаъолони ба роҳ мондани ин муассисаи навтаъсис буд. Носир Саидов дар ин вазифа низ танҳо як сол кор кард ва соли 2005 телевизиони “Сафина”-ро тарк кард. Идомаи фаъолияти корӣ Носир Саидовро ба ширкати “Ориёно медиа” бурд. Ӯ дар инҷо ба ҳайси PR директори ин ширкат кор сар мекунад. Соли 2012 директори киностудияи «Тоҷикфилм» таъйин шуд. Таъиноти ӯ ба ин вазифа аз камтарин таъйинотҳое буд, ки дар расонаҳо низ истиқболи гарм ёфт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Офаридаҳои Носир Саидов ҳеч гоҳ зери парда намондааст. Асарҳояш барои тамошобин ошноянд. Ибтидо дар вазифаи ёрдамчии коргардон фаъолиятро шурӯъ мекунад. Се офаридаи ӯ дар солҳои охир нишон дод, ки филми тоҷик ҳанӯз зинда аст. Филми «Қиёми рӯз»-и ӯ аз башумор филмҳо дониста мешавад, ки дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ҳадс мезананд, ки шояд аввалин филм дар сатҳи байналмилалӣ бошад. Ин аст, ки дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонии “Керала” дар Ҳиндустон, дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Ҷопону Русия, Ҳинду Итолиё ва Ҳоланд ширкат карда ва ҷоизаҳоро ба даст овард. Дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Қиёми рӯз” дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тилоӣ» -ро ба худ гирифт. Ин ҷоиза барои беҳтарини кори коргардонӣ ба ин филм дода шудааст. Филми дигари номии ӯ «Оинаи беҷило» дар соли 2013 ба навор бардошта шуд. Филми «Муаллим»-и ӯ дар соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Аз ҷумла ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Ин филм бори дигар маҳорати беҳамтои Носир Саидовро ба намоиш гузошт. Соли 2004 бо ифтихорномаи Президенти Тоҷикистон мукофонида шудааст. Аз соли 2000 узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон мебошад. Оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Писараш Парвиз дар филми «Оинаи беҷило» аз нақшҳои асосиро офаридааст.[1][2]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби Носир Саидов дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009). Филм то ин дам соҳиби 9 ҷоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣ гаштааст.
- Филми “Муаллим”-и ӯ дар соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Аз ҷумла ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Ин филм бори дигар маҳорати беҳамтои Носир Саидовро ба намоиш гузошт.[3]
- Аз соли 2012 Носир Саидов директори киностудияи «Тоҷикфилм» аст.[4]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика (2024)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Носир Саидов. 2 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
- ↑ Носир Саидов(пайванди дастнорас)
- ↑ Нахустнамоиши филми "Муаллим"-и Носир Саидов дар Душанбе
- ↑ [ http://www.avesta.tj/sociaty/12271-tadzhikfilm-vozglavil-izvestnyy-rezhisser-nosir-saidov.html Бойгонӣ шудааст 16 апрели 2015 сол. «Таджикфильм» возглавил известный режиссер Носир Саидов]