Ноҳияи Қалъаи Лабиоб
Зоҳир
Кишвар | ИҶШС |
---|---|
Тобеъи | ҶШС Тоҷикистон, округи Ғарм, вилояти Ғарм |
Шомили | 7 деҳшӯро |
Маркази маъмурӣ | Қалъаи Лабиоб |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1936 |
Таърихи пошхӯрӣ | 1949 |
Масоҳат | 1,0 ҳаз. км² |
Ноҳияи Қалъаи Лабиоб — воҳиди маъмурию ҳудудӣ дар ҳайати РСС Тоҷикистон, округи Ғарм ва вилояти Ғарм, ки солҳои 1936—1949 вуҷуд дошт. Майдони ноҳия аз руи маълумоти соли 1947 1,0 ҳазор км²-ро ташкил дод.
Ноҳияи Қалъаи Лабиоб дар ҳайати РСС Тоҷикистон соли 1936 бо роҳи ҷудо шудан аз ноҳияи Ҳоит ташкил ёфт. Деҳаи Қалъаи лабиоб маркази ноҳия таъин шуд.
Соли 1938 ноҳияи Қалъаи лабиоб ба округи Ғарм ва 27 октябри соли 1939 ба вилояти Ғарм тобеъ карда шуд.
То соли 1939 ба ҳайати ноҳия 7 деҳшӯро дохил мешуд. Шумораи онҳо то барҳам дода шудани ноҳия бетағйир монд.
12 августи соли 1949 ноҳияи Қалъаи Лабиоб бо ноҳияи Ҳоит ба ноҳияи нави Тоҷикобод ҳамроҳ карда шуд [1] .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сборник законов Таджикской ССР, указов и постановлений Президиума Верховного Совета Таджикской ССР (1938-1958). — Сталинабад, 1959.