Нурмуҳаммад Ниёзӣ
Нурмуҳаммад Ниёзӣ | |
Таърихи таваллуд: | 20 сентябр 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ғафуров |
Навъи фаъолият: | шоир |
Нурмуҳаммад Ниёзӣ(зод. 1946, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980),Шоири халқии Тоҷикистон(2012)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989—1994 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд мебошад. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Аз шоирони соҳибзавқ буда, дар ашъораш асолату балоғати забони шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад. Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғ. мебошад. Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ;
- Ордени «Шараф» (2004);
- Шоири халқии Тоҷикистон(2012)[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.163 — 164 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 сентябр
- Зодагони соли 1946
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Адибон аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ғафуров
- Дорандагони ордени Шараф
- Адибони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Шоирони халқии Тоҷикистон