Jump to content

Нурулло Усмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нурулло Усмонов
Нурулло Усмонов
Таърихи таваллуд 15 июл 1937(1937-07-15) (87 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишонҳои «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Нурулло Усмонов (зод. 15.07.1937, деҳаи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент)  — риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физика-математика (2004), профессор (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1961 факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1961—1964 муаллими мактаб-интернати деҳаи Лучоби ш. Душанбе, 1964—1966 аспирант, 1966—1976 муаллими калони кафедраи анализи математикӣ, 1977—1986 мудири кафедраи геометрия, 1986—2002 декани факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 профессори кафедраи математикаи олии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Оид ба масъалаҳои канории функсияҳои аналитикӣ, аналитикии умумӣ ва гармоникӣ кори илмӣ анҷом додааст. Муаллифи 12 асар ва зиёда аз 145 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ аст. Бо роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Узви Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Институти математикаи АИ Тоҷикистон мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ (Москва, Тифлис, Боку, Новосибирск, Тошкент, Душанбе) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Хидматҳояш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишонҳои «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

  • Ибтидои Евклид ва геометрияи Лобачевский (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
  • Геометрия (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1993;
  • Паробола ва тарзҳои гуногуни тасвири он (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1995;
  • Хати рост ва ҳамворӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1995;
  • Элементҳои топология (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1995;
  • Татбиқи интеграл дар ҳалли масъалаҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
  • Геометрияи дифференсиалӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1999;
  • Татбиқи интеграли муайян дар ҳалли масъаллаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодиёт (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2002;
  • Алгебра барои синфи 9 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2001;
  • Алгебра барои синфи 9 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005;
  • Алгебра ва ибтидои анализ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005.