Нуъмонҷон Ғаффорӣ
Нуъмонҷон Усмонзода Ғаффорӣ | |
Таърихи таваллуд | 22 сентябр 1968 (55 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ. Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Нуъмонҷон Усмонзода Ғаффорӣ — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1970), профессор (1971). Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нуъмонҷон Ғаффорӣ 22 сентябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Аз соли 1990 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба фаъолият шурӯъ менамояд. Солҳои 1991-1994 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил кардааст. Солҳои 1994-2006 ба ҳайси ассистент ва сармуаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, мудири сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти илмию омӯзгорӣ намудааст. Тайи солҳои 2006-2007 ба сифати танзимгари Маркази илмӣ-тадқиқотии Шарқ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад. Солҳои 2007-2009 ба вазифаи мудири шуъбаи интишории Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Аз моҳи ноябри соли 2009 то моҳи ноябри соли 2012 докторанти шуъбаи рӯзонаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Давоми солҳои 2012-2017 дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия, мудири шуъбаи аспирантура ва докторантура, профессори кафедраи таърих ва филология, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 1 сентябри 2017 фаъолияти хешро дар ДДҲБСТ ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик идома бахшида, солҳои 2017-2019 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият менамояд.[1]. Ғаффорӣ Н.У. аз 5 феврали соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид.[2]. 10 июни соли 2022 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод шуд.[3]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1999 дар мавзӯи «Фаъолияти фарҳангӣ-маорифпарварии ҷадидон дар аморати Бухоро (ибтидои асри ХХ)» рисолаи номзадӣ ва соли 2014 дар мавзӯи «Ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ғаффорӣ Н.У. тӯли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеъи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад. Мавсуф узви Шӯроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи равияҳои таърихи ватанӣ, таърихи умумӣ, таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.
Самтҳои таҳқиқот:
Муаллифи 3 монография, 3 китоби илмӣ-оммавӣ, 3 брошюраи илмӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ, беш аз 100 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷмуаву маҷаллаҳо ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ. Дастовардҳои илмии Н. Ғаффорӣ дар илми таърихшиносӣ таҳқиқи фаъолияти фарҳангӣ-маорифпарварии ҷадидон дар аморати Бухоро, таърихи матбуоти ҷадидия – рўзномаи “Бухорои шариф» ва маҷаллаи “Ойина», пайдоиши макотиби “усули ҷадид» дар сарзамини тоҷикон ва ғ. Иштирокчии конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар Душанбе (1999, 2013), Қайроқум (2001), Хуҷанд (1999, 2018), Бишкек (2001- 2003, 2008), Ош (2004, 2008), Иссиқкул (2003-2008), Алмаато (2003, 2006), Чимкент (2007, 2010), Тошканд (2004), Ашқобод (2007, 2008), София (2004), Москва (2004, 2015, 2019) ва Вашингтон (2004). Ғ. узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2012) мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Общественно-политическая деятельность Махмудходжи Бехбуди. Д., 1997;
- По страницам газети “Бухорои шариф». Худжанд, 1999;
- История культурно-просветительской деятельности джадидов в Бухарском эмирате (начало ХХ века). Худжанд, 2000;
- Хистеварз: 182 замон ва одамон. Хуҷанд, 2009 (ҳаммуалиф);
- Кишваршиноси асили Хистеварз. Хуҷанд, 2011 (ҳаммуалиф);
- Джадидская пресса. Худжанд, 2012;
- Ҷадидия ва шинохти он. Д., 2013;
- Роль и место джадидизма в развитии просвещения и духовной культури народов Средней Азии. Д., 2013;
- Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Хуҷанд, 2015 (ҳаммуаллиф) ва ғайра
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода. tgpu.tj. 4 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин намудани Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода. sadoimardum.tj. 4 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Раҳмон ректорҳо ва мудиронро барканору таъйин кард. sputnik.tj (10 июни 2012). 14 июни 2023 санҷида шуд.
- Зодагони 22 сентябр
- Зодагони соли 1968
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон