Jump to content

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Н. Амиршоҳӣ)
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ
Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, ба ҳангоми кор дар ЭМТ
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, ба ҳангоми кор дар ЭМТ
Таърихи таваллуд 26 сентябр 1958(1958-09-26) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Институти шарқшиносӣ
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (19832012)
СИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (аз соли 2012)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1983)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (Амиршоев Нурмуҳаммад Қурбонович, маъруф бо исми мустаъори Ибни Қурбон; зод. 26 сентябри 1958, деҳаи Хоҷаисҳоқ, ноҳияи Кӯлоб) — таърихнигори тоҷик, номзади илмҳои таърих (1996). Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ (2012). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2023)[1]. Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (аз соли 2012).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ 26 сентябри соли 1958 дар деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1965—1975 дар мактаби миёнаи ҳамин деҳа таҳсил кардааст. Солҳои 1976—1978 рассом-ороишгари колхози Ленингради ноҳияи Кӯлоб буд. Соли 1983 факултаи таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Кор ва фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]
Кормандони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ: Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (аз чап), Сайиднуриддин Шаҳобуддинов (аз рост) ва Файзулло Бобоев (дар миёна) ҳангоми таҳияи силсилаи осори исломӣ (соли 2010).

Аз соли 1983 то феврали соли 2012 дар Институти шарқшиносӣ, баъдан Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ аз вазифаи лаборанти калон то ходими пешбари илмӣ фаъолият намудааст.

Аз феврали соли 2012 то имрӯз сармуҳарририи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикро бар уҳда дорад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1996 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Давлати Куртҳои Ҳирот» ҳимоя кардааст[2]. Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи масоили таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар ҷуғрофиёи таърихии Афғонистон, Эрон, Осиёи Марказӣ ва мамолики ҳамҷавори онҳо дар замонҳои қадим, махсусан дар асрҳои миёна ва дар даврони наву навтарини таърихӣ буда, ҳамзамон таҳия ва таҳқиқи осори хаттии форсӣ ва таҳрири матнҳои асримиёнагиро анҷом медиҳад.

Тавассути таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши таърихи давлати асримиёнагии тоҷикон — Ғуриён дар Тоҷикистон вусъат ёфт ва дар китобҳои таълимии макотиби миёна ва олии мамлакат бештар ворид шуд; аввалин бор давлати тоҷикии Куртҳои Ҳирот таҳқиқ ва ба доираҳои илмию таълимии Тоҷикистон ворид карда шуд; дар асоси маълумоти сарчашмаҳо генотсиди тоҷикон ба дасти чингизиёнро собит намуд; саҳми ҷаҳонии тоҷиконро барои тоҷикистониён барои аввалин бор таҳқиқ ва баррасӣ намуд; таърихнигории миллии тоҷикро таҳқиқ ва интишор кард; бо пешниҳоди ӯ чандин арзишҳои миллӣ дар сатҳи давлатӣ эҳё ва амалӣ карда шуданд, дар тарғиби таърих ва тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик ба воситаи ахбори омма ва ҷаласаҳои илмию омавӣ пайваста ширкати фаъол дорад.

Аз ҷониби Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бештар аз 20 китоби бузургҳаҷм навишта ва таҳқиқу таҳия шудаанд, ки дар миёни онҳо «Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX—XIV», «Таърихи халқи тоҷик, асрҳои XI—XIV», «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд маъруфанд. Инчунин бо номи мустаори Ибни Қурбон китобҳои «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим» ва «Фавоҳиш ва раҳоиш»-ро навиштааст. Бо роҳбарӣ ва ширкати бевоситаи ӯ 11 китоби силсилаи осори бузурги исломӣ, бо амри бевоситаи Президенти Тоҷикистон таҳия ва нашр шудаанд. Таҳти роҳбарӣ ва ибтикороти навоваронаи ӯ даҳ ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба нашр расида, дар таърихи илму фарҳангии тоҷик бори аввал 7 ҷилди бузургҳаҷми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон», донишномаи «Шинохт ва ёдгирӣ» (барои кӯдакони томактабӣ) дар сатҳи баланди илмӣ мунташир шуда, ҳар кадом дар намоишҳои ҳамасолаи китоб чи дар дохили мамлакат ва чи дар хориҷ аз он соҳиби ҷойҳои беҳтарин шудаанд ва баъзе китоби сол эълон дошта шудаанд. Аз ҷониби ӯ бо ҷалби гурӯҳи донишмандон барои аввалин бор китоби 16-ҷилдаи «Таърихи Табарӣ» ба ҳуруфи кириллӣ баргардон ва бо иловаи таҳқиқот бар он мунташир шуд.

Соли 2012 барандаи Ҷоизаи илмии байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ гардидааст.

  • Давлати Куртҳои Ҳирот (1245–1381). Д., 1996;
  • Давлатдории тоҷикон дар асрҳои 9–14. Д., 1999;
  • Ибни Қурбон. Фавоҳиш ва раҳоиш. — Д.: Эр-граф, — 2003. — 200 с.;
  • Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. — Д.: Эр-граф, — 2007. — 479 с.;
  • Таърихи халқи тоҷик. Ҷ. 2. Х., 2008.