Обҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Обҳои дохилии Тоҷикистон — тамоми пирях­ҳо, шабакаи дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, обҳои зериза­ми­нӣ, чашмаҳоеро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мав­ҷуданд, дар бар мегирад[1]. Онҳо дар табиат алоҳида ву­ҷуд надоранд ва дар робита бо дигар унсурҳо омӯхта мешаванд.

Пиряхҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Пиряхҳои Тоҷикистон
Пойгоҳи обуҳавошиносии пиряхи Федченко

Вобаста ба мавқеи орографӣ (кӯҳшиносӣ) ва иқлим То­ҷи­кистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузург­та­рин мин­тақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Пиряхҳои Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обҳои нӯшо­кии Осиёи Марказӣ мебошанд. Омӯзиши пиряхҳои Тоҷи­кистон бо номи олимону сайёҳони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва доманадори пиряхҳо ва тамоми сар­ватҳои табиии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи То­ҷику Помир (солҳои 1928–1932) бевосита пайваст мебошад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0° паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди То­ҷи­­кистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиё­да аз 3 000 м баландӣ доранд, кӯҳҳои Тоҷи­кистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 1 7000–1 8000 км² буда, 60%-и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷи­кис­тон рост меоянд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди То­ҷи­кистон – силсилакӯҳ­ҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркис­тону Зарафшон мебошанд[2].

Рӯдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Рӯдҳои Тоҷикистон

Бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ –­ Ому (1 415 км) бо шо­хоб­ҳои худ аз сар­замини То­­ҷикис­­тон ҷо­рӣ мешавад. Ҳудуди То­ҷи­кистонро шабакаи бо ҳам наздик дарёҳо фаро гирифтааст, ки он­ҳо сароб ва шохоби дарёҳои Ому, Сир ва Зарафшон бу­да, ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешаванд. Ҳамчунин, дарёҳои Вахш (524 км), Кофарниҳон, Панҷ, Варзоб, Элок, Искандар, Ёхсу, Булункӯл, Муғ­су, Сур­х­об, Хингоб, Кама­роб, Сорбоғ ва ғ. ман­баи оби ошо­ми­данӣ ва кишоварзии кишвар ба шумор мераванд.

Масоҳати заминҳое, ки аз ин дарёҳо об меги­ранд, тақ­ри­­бан 4 74000 км²-ро ташкил меди­ҳанд. Ҳаҷми миёнаи со­­ло­наи оби ҷорӣ дар ин ҳавзаҳо ҷоришаванда, ба 117,0 км³ баробар ё худ 90%-и оберо, ки аз кӯҳҳо ба ҳам­во­рии Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешавад, дар бар ме­­ги­­рад. Муво­фиқи маълумоти мав­­ҷу­да, ҳавзаи Амударё дар Осиёи Марказӣ бу­зург­та­­рин ба ҳисоб рафта, он дар ҷануб ни­­­ше­­­­­бии ни­­­зо­­­ми кӯҳ­­ҳои Ҳинду­куш, дар шарқ силсилакӯҳи Сари­кӯл, дар шимол силсилакӯҳ­ҳои Олой, Туркистон ва Нурато (Ӯзбе­кис­тон)-­ро убур ме­­кунад. Масоҳати захира кардани об тақ­­ри­­­­бан 465 000 км² бу­да, аз он 225 100 км² бо ҳамроҳии ҳавзаи Зарафшон ва Қашқа­­дарё (дар ҳудуди Ӯзбекистон) ба мин­­та­­қаи кӯҳҳои ҳавза рост меояд. Қис­ми асосии оби ин ҳав­за дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Вобаста ба баландии маҳал ва дар ҳудуди ҳавза боридани намуди гуногуни бо­ри­ш, ташак­­кули пиряхҳо, барф­ҳои до­и­мию мав­симӣ, обҳои зеризаминӣ ва чаш­­ма­ҳо ғи­зо­ги­рии дарёҳо гуногун аст. Маҳз, ҳа­мин ман­баъ­­ҳоро ба эътибор гирифта, кор­ши­носон чор намуди ғизогирии дарё­­ҳои Тоҷикистонро (пиряхию барфӣ, барфию пиряхӣ, барфӣ ва барфию боронӣ) муайян кардаанд. Дарёҳои Вахш, Хингоб, Ғунд, Шоҳдара, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Зарафшон, Фондарё, Яғноб, Искан­дар, Киштӯд, Моғиён ғизоро аз пиряху барф­ҳои ба­ландкӯҳ мегиранд ва дар онҳо давоми сол ду бор (март–май, июл–август) обхезӣ мешавад. Агар ин дарё­ҳо дар баҳор аз ҳисоби об шудани барфҳои зимистон пур­об шаванд, тобистон дар натиҷаи обшавии барфҳои қабатнок ва пиряхҳо сероб мегарданд. Ба дарё­ҳои ғи­зо­ги­ри­ашон бар­фию пиряхӣ Кофарниҳон, Сурхоб, Варзоб, Ёхсу, Хо­нақоҳ, Қаротоғ, Ширкент, Сангикар дохил мешаванд. Ин дарёҳо моҳҳои май–июл аз ҳисоби обшавии забонаи пирях ва барфҳои аз хатти барфӣ поиномада сероб мешаванд. Ғизогирии барфӣ ба Қизилсуи Ҷанубӣ, Ёхсу, баъзе шохобҳои хурди Вахш, Кофарниҳон, Қаротоғ ва Варзоб хос аст. Онҳо моҳҳои апрелу май аз ҳи­соби барфи зи­мистон сероб мешаванд. Шохобҳои қисми ми­ёна ва по­­иноби Варзоб, Кофарниҳон, Элок, Ёхсу, Лучоб ба ғи­зогирии барфию боронӣ дохил мешаванд. Баробари об шудани барфҳои мавсимӣ ва ба охир расидани бо­ронга­рӣ оби ин дарёҳо ниҳоят кам мешавад. Ҷуғ­рофиё­дони Шӯра­вӣ И. С. Шукин ба ғайр аз намудҳои ғизо­гирии мазкур ду намуди дигари ғизогирии дарёҳои Тоҷи­кис­тонро муайян кардааст: ғизогирии боронӣ ва обҳои зери­заминӣ. Ба ин намудҳои ғизогирӣ дарёчаҳои хурди ҳавзаи дарёи Сир мансубанд.

Дарёҳои Аму, Панҷ, Вахш, Кофарниҳон бузургтарин ва дарозтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Ому (Ҷайҳун), бузургтарин дарё дар Осиёи Марказӣ буда, дар болообаш Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Сур­­хон, Кӯкча ва Қундуз ба он мерезанд. Дарозиаш 1 415 км, аз саргаҳи Панҷ 2 540 км. Ому берун аз марзи Тоҷи­кистон, аз нишебии кӯҳҳои Ҳиндукуш, аз пиряхи Вревский об мегирад. Дар саргаҳаш Вахондарё ном дорад. Баъди бо дарёи Помир ҳамроҳ шудан номи Панҷро мегирад. Баробари ба ҳам пайваст шудани Панҷ ва Вахш дарёи Омуро ташкил карда, 85 км-и он аз ҳудуди Тоҷи­кистон ҷорӣ мешавад. Онро ҳамчун нақлиёти дарёӣ низ истифода мебаранд, аз Тирмиз то поиноби дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳара­кат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1 400 км-ро ташкил меди­ҳад. Ба воситаи Аму маҳсулоти саноати нафт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғ. кашонда мешавад.

Панҷ яке аз дарёҳои дарозтари­ни (921 км) То­ҷи­к­истон буда, тезҷараё­н­­та­­­рин дарё дар дунё ба ҳисоб меравад. Панҷ дарёи сар­ҳад­дӣ буда, саргаҳи он аз андароби дарёҳои Помир (аз рост) ва ­Ва­хон­дарё (аз чап) ибтидо мегирад. Манбааш пиряху барф. То давраи ҶБВ сарҳадди Афғонистон ва Тоҷик­истон аз соҳили чапи дарёҳои Панҷ ва Ому мегузашт. Сипас, хатти сарҳадди ду мамлакатро аз бай­­ни дарё му­айян намуданд. Ҳоло оби дарёро ҳам Тоҷи­кистон ва ҳам Афғонистон истифода мебаранд. Ҳавзаи обгирии дарёи Панҷ 114 000 км² мебошад. Дар қисми болообаш то шаҳраки Ишкошим паҳнои маҷрои дарё 1–5 км-ро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи сарфи оби дарёи Панҷ 1 100 км³/с, ҳаҷми солонаи он 35 км³-ро ташкил медиҳад. Му­вофиқи маълумоти бисёрсола, маҷ­рои аз ҳама зиёди сарфи солона 4 000 км³/с ба моҳи июл ва сарфи ками солона ба моҳи феврал рост меояд, ки ҳа­ма­гӣ 281 км³/с-ро ташкил медиҳад. Ҳисоби ми­­ё­­­наи со­­ло­наи ги­лолудии таркиби дарё баъди аз кӯҳҳо ба­­­ро­­ма­­­­дан тақ­ри­­бан 1 500 г/км³ ме­бошад. За­хираи ҳидроэнергетикии дарёи Панҷ 98 млрд кВт/соат ва бо шохобҳояш 150 млрд кВт/соат-ро ташкил медиҳад.

Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ буда, шохоби рости дарёи Ому аст. Дарозии он 524 км. Аз пайвас­та­ни дарёҳои Қизилсу ва Муғсу ба вуҷуд омада, бо номи Сур­хоб ба қисми ғарбӣ ҷорӣ мешавад; баъди ба он ҳам­роҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад. Қисми зиёди ҳавзаи он дар ҳудуди кӯҳҳои Помиру Олой воқеъ аст. Вахш пуробу пуртуғён мебошад, бештар аз водии танг ба дараҳои амиқ гузашта, 170 км болотар аз резиш­го­ҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шоха тақсим мешавад. Манбаи асосии оби Вахш пиряху барф. Ма­соҳати умумии ҳавзаи дарё 39 ҳа­зор км², сарфи миёнаи солонаи обаш 633 км³/с. Захираи ҳидро­энерге­тикии дарёи Вахш – ниҳоят бузург аст. Му­вофиқи нақша, дар ин дарё ғайр аз не­ругоҳҳои барқи обии сохташуда сохтмони 5 неругоҳи дигар дар назар аст. Гилолу­дии таркиби оби Вахш дар 1км³ ба 2,8 кг баробар аст.

Кофарниҳон дар қисми ҷанубу ғар­­­бии То­ҷикистон воқеъ буда, яке аз шо­­хоб­­ҳои асо­сии дарёи Ому аст. Аз ни­шеби­ҳои ҷану­бии силсилакӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешавад (60 км дар водии Ҳисор равон аст). Дар назди шаҳраки Ромит, баъди якҷошавии дарёҳои Сорбо (аз чап) ва Сардаи Миёна (аз рост) ташаккул меёбад ва номи Ко­фар­ниҳонро мегирад. Дарозиаш 387 км, масоҳати ҳавзааш 11 600 км². Он аз пиряхи беноме сарчашма гирифта, дар дараи Ромит ба самти ҷа­нубу ғарб ҷорӣ мешавад ва аз деҳаи Чинор ба водии фарохи Ҳисор мебарояд. Шохоб­ҳои асосиаш аз рост – Сими­ганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва аз чап дарёи Элок. Баъд аз ҳам­роҳшавӣ бо дарёи Хонақоҳ ба тарафи ҷануб тоб хӯрда, то резишгоҳ аз байни сил­си­лакӯҳҳои Боботоғ ва Оқтоғ ҷорӣ мешавад. Ко­фарниҳон то ба Ому рехтан ба ҳамворӣ баромада, ба якчанд шоха тақсим мешавад. Аз охири март то охири сентябр сероб аст. Сарфи миёнаи солонаи об 102 км³/с, дар фасли зимистон 26,6 км³/с. Сарфи зиёдтарин – 1 290 км³/с соли 1952 ба қайд гирифта шудааст. Аз поиноби он водии Бешкент об­ёрӣ мешавад. Оби дарёи Ко­фар­­ни­ҳон нисбатан гилолуд мебошад.

Зарафшон яке аз бузургтарин дарёҳои Оси­ёи Мар­казӣ. Дар гузаштаи дур шохаи Омударё буда, бино бар ру­шди обёрӣ, ҳоло ҳамчун як ҳавзаи ҷудогона дониста мешавад. Болообашро (то резишгоҳи Фондарё) Мастчоҳ низ меноманд. Дарозиаш 877 км, масоҳати ҳавзааш 41 860 км², аз ҷумла қисми кӯҳиаш 17 710 км². Дар шимол аз пиряхи Зарафшон ибтидо гирифта, дар ғарб то регзори Сан­­дуқли (биёбони Қизилқум) мерасад. 317 км ҷараёни боло ва миёнаи он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қа­ди­мии обшуста ва амиқи он боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула). Дар ҳудуди Тоҷикистон Зарафшон бештар аз 100 шохоб дорад. Бузургтарини онҳо шохобҳои чапи Фон, Киштӯд ва Моғиён мебошанд. Водии дарё аз шарқ ба ғарб торафт васеъ ва тадриҷан паст мешавад. Аз ре­зишгоҳи дарёи Киштӯд (қисми шарқии де­ҳаи Шӯрча), водӣ ба самти ғарб торафт вусъат меёбад. Дар мав­зеи деҳа­ҳои Марғе­дар, Ғӯсар, Сӯҷина ва шаҳри Панҷа­кент Зарафшон дарё­боди васеъ ҳо­сил кардааст.

Муво­­­­фи­қи таҳқиқоти пиряхшиноси Шӯравӣ А. О. Ке­м­е­­­рих, дар­ёи За­раф­шон 32% аз ҳи­соби пир­ях­ҳо, 37% аз ҳи­со­би барфҳо, 31% аз ҳисоби об­ҳои зеризаминӣ ғизо мегирад. Бино бар ин, дар ин дарё ду маротиба (март–май ва июл) обхезӣ ба амал меояд. Давраи серобиаш июн-август, камобиаш сентябр-март. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар назди Дупула 155 км³/с, дар назди дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа 164 км³/с. Сарфи аз ҳама бештари об 930 км³/с (7 июли 1942) ва 996 км³/с (31 майи 1964), сарфи камтарини он 24 км³/с (31 январи 1928) ба қайд гирифта шудааст. Дар имтидоди солҳои 2005–2010 сарфи об ба миқдори 200–250 км³/с (каме бештар аз меъ­ёр) мушоҳида шудааст. Оби дарё тобистон лойолуд аст, 1 км³ об 0,80 кг лойқа дорад. Миқдори солонаи обо­вардҳо 4 440 ҳазор т (В. Л. Шулс, 1956).

Фон ва шохобҳои он (Искандар, Яғноб) аз нишебиҳои шимолии силсилакӯҳҳои Ҳисор об мегиранд. Дарозии дар­ёи Фон 24,5 км ва ҳавзаи обгириаш 3 230 км². Он ба самти шимол ҷорӣ шуда, дар назди шаҳраки Айнӣ бо дар­ёи Маст­чоҳ омезиш меёбад. Ин дарё бо шохобҳои худ муто­биқан аз баландиҳои зиёда аз 2 195–3 440 м об мегирад. Ҳавзаи дарёҳои Искандар 274 км², Яғноб 1 650 км². Миқ­дори солонаи обовардҳои дарёи Искандар 63 212 т, Яғноб 308,5 ҳазор т.

Киштӯд (шохоби чапи дарёи Зарафшон) аз ҷануб ба шимол ҷорӣ шуда, дар қисми шарқии деҳаи Шӯр­ча аз тара­фи чап ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Боло­обаш Пуш­не­ват ва миён­обаш Арча­май­дон ном до­ранд. Ду шо­­хо­би ка­лон до­рад. Аз тарафи чап дар­­ёи Ворӯ ва аз тарафи рост дарёи Ар­туч ба он пайваст ме­ша­ванд. Дарозиаш 53 км, ма­соҳа­ти ҳав­зааш 863 км². Қисми болоии ҳавза дар ни­ше­бии шимолии силсилакӯҳи Ҳисор ва қисм­ҳои миёнаву поинаш дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии силсилакӯҳи За­рафшон ҷой гирифтаанд. Давраи серобиаш аз нимаи апрел то нимаи октябр. Сарфи миёнаи солонаи об 7,32 км³/с, ҳангоми камобӣ – 3,86 км³с.

Моғиён ҳамчун дарёҳои Фон ва Киштӯд аз ни­ше­биҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор ибтидо гирифта, ба самти шимол ҷо­рӣ мешавад. Дар назди деҳаи Сӯҷина ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Дарозии он 68 км, ҳавзаи захира кардани об дар он 100 км² аст. Моғиён як шохоби калон (дарёи Шинг) дорад, водии дарё он қадар васеъ нест. Дар баъзе маҳалҳо паҳ­нои маҷрои дарё 10 м мебошад. Сарфи миёнаи солонаи оби дарёи Моғиён дар резишгоҳаш 8,65 км³/с. Миқ­дори солонаи обовардҳои дарё тақрибан 93,6 т.

Сир яке аз рӯдхонаҳои бузургтарини мамлакат, ки аз ҳу­дуди вилояти Суғд гузашта, ба баҳри Арал ме­резад. Баъ­ди Ому серобтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Мар­казӣ ба ҳисоб меравад. Масо­ҳати он 462 000 км², аз ин миқдор 223 000 км²: ба қисми кӯ­­ҳ­ии ҳав­за рост меояд. Ҳиссаи асосии он бе­рун аз мар­­зи То­ҷикис­тон во­қеъ гар­ди­дааст. Дарёи Сир аз якҷошавии дарёҳои Норин ва Қа­родарё ба вуҷуд омада­аст. Қисми баландтарини ҳавзаро сил­си­лакӯҳҳои Туркистону Олой ташкил меди­ҳанд. Даро­зии Сир аз саргаҳи Норин то баҳри Арал 2 670 (3 019 км) км. Аз ҳудуди Тоҷикистон 197 км оби он ҷо­рӣ ме­ша­вад. Шохобҳои соҳили чапи ба Сир ҷоришаванда аз силсилакӯҳи Туркистон ибтидо мегиранд. Бузургтарини он­ҳо – Исфара, Хоҷа­боқир­ғон, Оқсу, Бюрган, Басманда. Аз ин шохобҳо дарёҳои Ис­фара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу берун аз ҳудуди Тоҷи­кистон (дар ҳудуди Қир­ғизистон) ташаккул меёбанд, фа­қат қисми поиноби онҳо вориди ҷумҳурии мо мегардад. Оби ҷоришавандаи онҳо 900 млн км³-ро ташкил медиҳад. Оби дарёи Сир ба 15 млрд км³ баробар аст.

Кӯлҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Кӯлҳои Тоҷикистон

Кӯлҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба мисли шабакаи дарё­ҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Онҳо вобаста ба иқ­лим ва релйеф бештар дар мавзеъҳои кӯҳӣ пайдо шу­да­анд ва аз ҳамдигар аз ҷиҳати пайдоиш, ма­­со­­ҳат, ғизо­гирӣ, мав­­ҷу­дияти организмҳо, шӯрию ширинии об, умқ фа­рқ мекунанд. Аксари кӯлҳо асосан дар минтақаи иқ­лими намии нокифоя, тобистони муътадил, зимистони муътадили нарм ва хунукии сербарф дар баландиҳои аз 2 900–4 700–4 800 то 5 000 м пайдо шудаанд. Барои ҳо­сил шудани кӯлҳо дар ин минтақа баландии маҳал, мав­ҷуд будани шаклҳои гуногуни релеф, пиряхҳо ва бориш дар давоми сол мусоидат менамояд. Омили дигари ҳо­силшавии кӯлҳои кӯҳсор лағзиш ва кандашавию фуромадани кӯҳ­по­раҳо мебошад. Дар ин маврид ҷинсҳои кӯ­ҳӣ сари роҳи ҷараёни дарёҳоро мегиранд ва дар натиҷа кӯл ҳосил мешавад. Кӯлҳои ҳамворӣ дар ҳамвориҳо, он ҷой­ҳое, ки дар таркиби таҳшинҳо, оҳаксанг, гач, намак ву­­ҷуд дорад ва зери таъсири обҳои зеризаминию сатҳи­заминӣ тез шуста мешаванд, пайдо шудаанд. Дар ташаккул ва инкишофи кӯлҳо омилҳои геологӣ, геоморфологӣ, иқлимӣ ва ғ. таъсир мерасонанд. Вобаста ба ин олимон пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро ба таври гуногун маънидод карда, онҳоро аз ҷи­ҳати пайдоиш ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд. Аз ҷум­ла, ҷуғ­рофиёдони Шӯравӣ Р. Д. Забиров кӯлҳои Осиёи Марказиро омӯхта, аз нигоҳи пайдоиш онҳоро ба 7 намуд ҷудо кардааст:

  1. Кӯлҳои пайдоиши тектоникӣ. Ин намуди кӯлҳо дар фурӯхамидаҳои тектоникӣ, дар натиҷаи тағйири шадиди қишри Замин пайдо шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷи­кис­тон ба ин намуд кӯлҳои Помири Шарқӣ, аз ҷумла, Қаро­кӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Рангкӯл ва ғ. дохил мешаванд.
  2. Кӯлҳои суфакӯҳҳои баланд. Онҳо дар хамии ағбаҳо дар натиҷаи ба қабати замин суст задани обҳои борон ва ё ҷорӣ пайдо шудаанд. Кӯлҳое, ки дар водии дарёи Аличур воқеъ гардидаанд, ба ҳамин намуди кӯлҳо дохил мешаванд ва бо моилии соҳилҳову умқи ками худ фарқ мекунанд.
  3. Кӯлҳои моренавӣ. Ин намуди кӯлҳо дар водиҳои кӯҳӣ, дар натиҷаи об шуда ақиб рафтани худи пирях ё забонаи он, моренаҳои бо пирях омада, пеши ҷараёни об­ҳои атмосферӣ ва ҷориро гирифта ҳосил шудаанд. Он маъмулан, дар забонаи пиряхҳои қадим пайдо мешаванд. Мас., кӯлҳои Марғузор, Кӯли калони водии Зарафшон ва кӯл­ҳои водии дарёи Қаратоғ.
  4. Кӯлҳои фурӯғалтӣ. Пайдоиши ин намуди кӯлҳо ба кӯчиши ҷинсҳои кӯҳии дар нишебии онҳо мавҷуд вобас­та аст. Дар натиҷаи фурӯ рафтану пеши маҷрои оби дарё­ҳои кӯҳиро банд кардан пайдо мешаванд. Чунин кӯл­ҳо бо умқи худ фарқ мекунанд. Сарез ва Сабзкӯл (Яшил­кӯл)-и Помир аз ҷумлаи чунин кӯлҳо мебошанд.
  5. Кӯлҳои шуставӣ. Онҳо дар водии дарёҳо, дар нати­ҷаи ивазшавии маҷрои дарёҳо ва ё нест шудани маҷрои пешинаи он ба вуҷуд меоянд. Чунин кӯлҳоро дар водии дарёҳои Аму, Сир ва ғ. дидан мумкин аст.
  6. Кӯлҳои делтавӣ ё резишгоҳӣ. Ин намуди кӯлҳо ни­ҳоят камаст. Калонтарини он дар резишгоҳи дарёи Аму (кӯ­ли Судач) мавҷуд аст, ки 35 км дарозӣ ва 15 км паҳ­ноӣ дорад.
  7. Кӯлҳои ниҳоӣ. Ин намуди кӯлҳо дар натиҷаи истифодаи оби дарё барои обёрӣ ва дигар амалҳо ҳосил мешавад. Аз ҷумла, кӯли Қарангӣ дар резишгоҳи дарёи Зарафшон.

Дар бораи ин таснифот фикри олимон гуногун аст. Олимони Шӯравӣ И. С. Шукин кӯлҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи пайдоиши ҳавзаашон ба бандшуда, моренавӣ, карстӣ – чӯкида, Р. И. Селиванов ба пиряхӣ, бандшуда, амиқ, соҳилидарёӣ ва сатҳӣ, Д. А. Чумичев ба чӯкида, тектоникию пиряхӣ, пиряхию моренавӣ, лойқавию шӯр, соҳилидарёӣ тақсим карда, дар асари ба наздикӣ чопшудаи М. Раҳи­мов кӯлҳо ба тектоникӣ-пиряхӣ, карстӣ, бандшуда, маҷ­роӣ ва дар таҳқиқоти Ҳ. Аброров кӯлҳо ба тектоникӣ, пир­яхӣ, бандшуда ва ҳидрогенӣ (обӣ) ҷудо шудаанд. Ҳалли дурусти ин масъала таҳқиқоти мушаххасро талаб мекунад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 2 000 кӯл мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар баландиҳои 3 500–5 000 м воқеъ гардидаанд. Агар 1%-и масоҳати Тоҷикистонро кӯлҳо ишғол карда бошанд, кӯлҳои Помир 5,4%-и масо­ҳати он­ро ишғол кардаанд. Маълум мешавад, ки миқдор ва масо­ҳату ҳаҷми асосии кӯлҳо ба мавзеъҳои баландкӯҳ ва пеш аз ҳама ба ҳудуди Помир рост меояд. Дар мавзеи кӯҳҳои паст ва доманакӯҳҳо тақрибан 100 кӯл бо масо­ҳати 17 км² мавҷуданд. Аз рӯи маълумоти охирин дар мавзеи баландкӯҳҳо 1 920 кӯл мавҷуд аст, масоҳати умумии онҳо 709 км². Бузургтарини онҳо Сарез (80 км²), Зор­кӯл (36,9 км²), Яшилкӯл (36,6 км²), Қарокӯл (380 км²), Искан­дар­кӯл (3,4 км²) мебошанд. Ҳаҷми умумии оби кӯлҳо 46,3 км³. Захираи оби ширини кӯлҳо 19,3 км³ аст, ки 17,3 км³ ба кӯли Сарез рост меояд. 90%-и кӯлҳои обашон шӯрро оби Қарокӯл (бузургтарин кӯли Тоҷикистон) ташкил ме­диҳад. Умқи он дар қисми ғарбиаш то 238 м, дарозиаш 30 км ва паҳноиаш 23,4 км, ҳаҷми обаш 26,5 км³ мебошад. Дарозии марзи он 163,6 км. Таркиби оби кӯл аз намаки натрий, калий, хлор, сулфатҳо ва ғ. иборат аст. Оби кӯл аз моҳи ноябр то моҳҳои май-июн ях мекунад. Ғафсии яхи он ба ҳисоби миёна 0,5 м. Ба кӯл дарёҳои Музкӯл ва Қароҷилға мерезанд. Ҷиҳати хосси соҳили кӯл он аст, ки дар масофаи якчанд км аз ях таркиб ёфтааст. Қарокӯл пайдоиши тектоникӣ-пиряхӣ дорад. Шӯркӯл ва Рангкӯл низ ба ҳамин намуд дохил мешаванд. Рангкӯл дар баландии 3 762 м воқеъ буда, тавассути шохоб бо Шӯркӯл пайваст мебошад. Сатҳи оби он аз сатҳи оби Қарокӯл 130 м пасттар аст. Ба кӯлҳои бандшуда Сарез, Шада­кӯл ва Яшил­кӯл дохил мешаванд. Ҳар ду кӯли аввал дар як вақт, соли 1911 дар натиҷаи заминларза пайдо шудаанд. Дар натиҷаи ин заминларза анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳии фу­рӯ­ғал­тида бо баландии 800 м ва паҳнои 5 км пеши маҷрои дарёи Мур­ғобро банд намуд. Агар дарозӣ ва умқи Сарезро му­қоиса намоем, соли 1913 дарозии он 28 км, умқаш 280 м буд. Соли 1987 ин нишондодҳо мувофиқан ба 55,8 км ва 499,6 м баробар шуданд. Яшил­кӯл ҳам дар натиҷаи бо анбӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ банд шудани маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Соҳили кӯлро аз шимолу ҷануб шохаҳои кӯҳи Аличури Шимолӣ ва Ҷа­нубӣ иҳота намудаанд. Дарё­ҳои Аличур, Марҷонаи Ка­лон ва Хурд ба он ҷорӣ шуда, тан­ҳо дарёи Бартанг аз он берун меояд. Аҳаммияти ин кӯлҳо барои танзими табиии оби дарёҳо бузург аст.

Дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ низ кӯлҳои масо­ҳата­шон хурд зиёданд. Аксари онҳо дар қисми миёна­кӯҳ воқеъ гардидаанд. Дар худи ҳавза ва шохобҳои дарёи Зарафшон 60 кӯл дар баландии бештар аз 1 000 м мавҷуданд. Масо­ҳати умумии онҳо 9,18 км². Мувофиқи маълумоти муҳақ­қиқ Ҳ. Аброров, дар ҳавзаи дарёи Мо­ғиён – 16 кӯл, Киш­тӯд – 28 кӯл, Пас­рӯд – 4 кӯл ва дар­ёи Искандар – 12 кӯл ҷойгиранд. Ин кӯлҳо ба намуди кӯлҳои бандшуда ва тектоникию пиряхӣ мансубанд. Искандаркӯл калонтарин кӯли Тоҷикистони Марказӣ мебошад. Масо­ҳати он 3,4 км², дарозиаш 3,26 км, паҳ­ноиаш 2,9 км. Ба Искандаркӯл дарё­ҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема ва Панҷ­чаш­ма мерезанд. Ҳаҷ­ми оби он 172 млн км³, ҷои аз ҳама амиқаш 72 м. Кӯл дар баландии 2 255 м аз с. б. воқеъ гардидааст. Ин мавзеъ барои ҳосил гардидани майдони ҷоришавии дарёи Искандар мусоид аст. Дарозии дарё 18–20 км ва моилии он дар ҳар як км 30–35 м-ро ташкил меди­ҳад. Дар силсилакӯҳи Ҳисор, ғайр аз Искан­даркӯл, кӯлҳои хурд (Темурдара, Кӯл­чаузак, Пайрон, Анкантат, Қарокӯл, Серима ва ғ.) мав­ҷуданд. Пайдоиши он­ҳо ҳам ба тағйири пирях ва бандшавии маҷрои дарё­ча­ҳо вобаста аст.

Дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои наздикӯҳӣ кӯлҳои шӯр ва гилолуд (лойқа) бештар вомехӯранд. Бахусус, дар доманаи кӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ чунин кӯлҳо бисёранд. Кӯлҳои шӯр асосан дар атрофи кони намаки Хоҷа­сартез ва дар гумбази кони Хоҷамуъмин вомехӯранд, ки дар натиҷаи намакро шуста бурдани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд. Бино бар ин, онҳоро кӯлҳои карстӣ ҳам мегӯянд. Дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои кӯҳии мулоим (гач, бӯр, оҳаксанг) паҳн гардидаанд, низ дар натиҷаи шус­та бурдани онҳо кӯлҳои начандон калон пайдо шудаанд. Ба ин кӯлҳо Лоҳур (ҷанубтари деҳаи Кӯктош), Истан (дар кӯҳи Гулизиндони Рашт), Лангари Моҳиён (дар шаҳ­ри Исфара) дохил мешаванд. Кӯлҳои старистагӣ (маҷ­роӣ) ё соҳилӣ дар водии дарёҳои Вахш, Панҷ, Сир вомехӯранд. Онҳо камоншакл буда, дар натиҷаи обхези­ҳо пайдо шудаанд. Ин гуна кӯлҳо дар минтақаи «Бешаи палангон» низ бисёранд. Дар онҳо моҳӣ ва парандагони обӣ мавҷуданд.

Кӯли шӯри Оқсукон аз кӯлҳои шӯри ҷануби Тоҷикис­тон фарқ мекунад, дар фасли тобистон хушк шуда, дар тагаш намак ҳосил мешавад. Онро ҷамъ намуда, тавассути коркарди махсус ҳамчун намаки ошӣ ва лойқаи онро барои муолиҷаи беморон истифода мебаранд. Кӯл дар баландии 429 м воқеъ аст, масоҳаташ 12 км². Аз ғарб ба шарқ ба масофаи 13 км тӯл кашида, паҳноиаш 0,5–2 км, умқаш 0,5–0,7 м аст.

Обанборҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баробари кӯлҳо дар Тоҷикистон ба мақсади ба танзим даровардани оби дарёҳо, обёрӣ ва ис­теҳсоли қувваи барқ обанборҳо бунёд шудаанд. Бузургтарин обанборҳо дар дарёи Вахшу Сир сохта шудаанд. Об­анборҳои Тоҷикистон – Баҳри Тоҷик (собиқ Қай­роқ­қум), Фарҳод, Каттасой, Бойғозӣ, Норак, Муъминобод, Сел­­­бур, Даҳанасой ва Сарбанд. Ҳаҷми оби умумии онҳо ғайр аз обанбори Фар­ҳод, 46,4 км³-ро ташкил медиҳад. Аз ин обанборҳо Фарҳод, Баҳри Тоҷик, Норак, Сарбанд, Бой­ғозӣ хусусияти комплексӣ доранд. Ҳоло ба таври ком­плек­сӣ ва самарабахш истифода бурдани сарватҳои обии мамлакат дар мадди аввал қарор дорад, зеро онҳо дар як вақт талаботи якчанд соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, обёрӣ, хоҷагии манзил, саноат, кишоварзӣ, мо­ҳипарварӣ, нақлиётро қонеъ мегардонад.

Вазифаи муҳимтарини обанборҳо ба танзим даровардани сарфи об (дар ҳолати пуробӣ ва камобии дарёҳо) мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин бор соли 1946 дар маҷрои дарёи Сир обанбори Фарҳод бунёд карда шуд. Масоҳати он 46 км², паҳнояш 3 км, дарозиаш 24 км, ум­қаш 15 м мебошад. Обанбори Баҳри Тоҷик соли 1956 сохта шуд. Масоҳати он 520 км², паҳнояш 20 км, дарозиаш 55 км, ҳаҷми умумии обаш 4,2 км³. Ин обанбор на фақат за­минҳо ва шаҳру деҳаҳои атрофро бо об таъмин менамояд, ҳамчунин барои рушди моҳипарварӣ низ мусоид аст. Ҳоло бо қувваи барқи НБО Қайроққум дар ин ҷо якчанд насоси обкашӣ насб шудаанд. Канали худ­ҷорӣ, ки аз обанбори Фарҳод об мегирад, дашти Дилварзин (но­ҳияи Мастчоҳ)-ро обёрӣ мекунад.

Обанбори Норак дар дарёи Вахш, дар мавзеи Пу­ли Сан­гин сохта шудааст. Сарбанди он дар ҷаҳон ба­ланд­тарин буда, баландиаш 300 м аст. Ҳаҷми обаш 10,5 млрд км³, сатҳи он ба 98 км³ баробар аст. Дарозии обан­бор 70 км, умқи миёнаи он 107 м аст. Барои аз оби обанбор обшор гардидани дашти Данғара, нақби Данғара бун-ёд карда шудааст. Ғайр аз обанбори Норак, дар дарёи Вахш боз бунёди 5 обанбор пешбинӣ шудааст. Калонтарини он обанбори Роғун (13 млрд км³) хоҳад буд. Дар дарёи Панҷ сохтани чор обанбор пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷ­ми умумии ғун­ҷоиши об дар онҳо ба 62 млрд км³ хо­ҳад расид.

Обҳои зеризаминӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Обҳои зеризаминӣ вобаста ба сохти геологии маҳал, гуногунии намудҳои релйеф ва шароити иқлимӣ дар бисёр мавзеъҳои ҷумҳурӣ дар умқҳои гуногун вомехӯранд. Обҳои зеризаминӣ бо ду намуд (чашма ва қабати заминӣ) мавҷуданд. Чаш­маҳо ҳамчун оби равон оби дарёҳоро ғанӣ мегардонанд, аммо баробари чашмаҳои оби ошомиданӣ, ҳамчунин чаш­маҳое вуҷуд доранд, ки вобаста ба таркиби кимиёиашон барои муолиҷаи бемориҳо истифода мешаванд, ки онҳоро обҳои маъданӣ ё шифобахш меноманд. Дар ҳу­ду­ди Тоҷи­кистон миқдори чунин чашмаҳо аз 200 зиёд­тар аст. Маъмултарини онҳо Хоҷаобигарм, Обигарм, Ҳа­во­таг (Ҳаво­тоғ), Явроз, Гармоба, Шоҳамбарӣ, Бибӣ Фо­ти­маи Заҳро, Анзоб, Ҷелондӣ ва Гармчашма мебошанд.

Ба ҳисоби миёна захираи солонаи обҳои зери­за­минӣ 18,7 км³-ро ташкил медиҳад. Захира ва сатҳи онҳо во­баста ба фасли сол, миқдори бориш ва обёрии за­мин­ҳои кишт тағйир меёбад. Захираи истифодашавандаи онҳо дар як сол 2,8 км³ буда, сарфи амалии об дар давоми сол 2,3 км³-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти китоби «Захи­раҳои оби Тоҷикистон», аз ин миқдор 39,3% барои эҳти­ёҷоти хоҷагию нӯшокӣ, 7,% барои эҳтиёҷоти истеҳ­солию техникӣ, 38,1% барои обёрӣ истифода мешавад. Захираи обҳои зеризаминӣ ва ниёз ба он дар қисм­ҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ҳамгун нест. Дар Тоҷикис­тони Шимолӣ захираи обҳои зеризаминӣ 25%-и захираи умуми­ҷумҳури­ро ташкил медиҳад. Боқи­мондаи он 21% ба вилояти Хатлон, 21,4% ба Бадахшон ва 31,2% ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд. Обҳои зеризаминӣ дар ҳу­дуди То­ҷи­кистон на фақат бо ҳаҷм, балки дар кадом умқ ҷойгир шудан ва таркиби кимиёиашон тафовут доранд. Дар То­ҷи­кистони Шимолӣ обҳои зеризаминӣ дар хамиҳои бай­ни­кӯҳӣ, дар ами­қи­ҳои 3–60–80 м, дар водии Ҳисор 5–40 м воқеъ гардидаанд. Дар водии дарёи Сир обҳои зеризаминӣ асосан оби нӯшокии ҳид­рокарбонатӣ мебошад. Фақат дар баъзе ма­ҳалҳо оби шӯри сулфурӣ дида мешавад, ки дара­ҷаи маъданнокии он 5 г/л-ро ташкил медиҳад. Обҳои зеризаминии водии Ҳи­сор ҳам ширин буда, дар таркибашон ҳидро­кар­бонати калсий доранд. Дараҷаи маъданнокиашон то 1 г/л. Дар қис­ми ғар­бии водӣ обҳои зеризаминии фишордор паҳн гap­дидаанд. Обҳои зеризаминии қис­ми шимоли водии Вахш асосан ширин буда, дар қисми ҷануби он ба оби шӯру сулфату хлордор табдил меёбад. Маъданнокии он 5–50 г/л. Дар сароби дарёҳои Ёх­су ва Сурхоб оби ҳид­рокар­бонати фишордор бартарӣ дорад. Фақат дар қисми мобайнии водии ин дарёҳо да­раҷаи маъданнокии оби зери­заминӣ то 2-3 г/л меафзояд. Дар Тоҷикистони Ҷану­бӣ обҳои зеризаминӣ дар умқи аз 10 то 100 м воме­хӯранд. Маъданнокии асосӣ аз 3 то 40 г/л меафзояд. Обҳои зеризаминии ҷанубии водии Вахш барои истифода чандон муво­фиқ нестанд. Дар Помир (Бадахшон) обҳои зеризаминӣ асосан дар водии дарёҳо, атрофи наҳру кӯлҳо воқеъ гардидаанд. Захираи онҳо ниҳоят кам мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обҳо / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 79—85. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
  2. Обҳо: Пиряхҳо / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 79. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Забиров Л. Д. Оледенение Памира. М., 1955;
  • Колесник С. В. Очерки гляциологии. М., 1963;
  • Атлас Таджикской ССР. Д.-М., 1968;
  • Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон. Д., 1975;
  • Таджикистан: природа и природные ресурсы. Д., 1982;
  • Котляков В. М. География в меняющемся мире. Книга 3. М., 2001;
  • Водные ресурсы Таджи­кистана. Д., 2003;
  • Джураев К., Яблоков А. А. Ледники Таджикис­тана. Д., 2003
  • Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов А. Об, илм ва рушди устувор. Д., 2018.