Jump to content

Овринг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Овринг дар Хитой, ки махсусан барои вақтхушии сайёҳон гузоштанд

Оврингпайроҳаи кӯҳӣ, гузаргоҳҳои пулгунае, ки дастӣ дар шах (сахра)-ҳо аз чӯбу шохаҳои бутта ва ё ходаҳо сохта мешаванд.

Макони сохтмони оврингҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оврингҳоро маъмулан дар мавзеъҳое, ки сахра ба дарё рост мефурояд ва имкони аз дигар ҷой гузар кардан набошад, месохтанд. Овринг аз ихтирооти хеле қадими мардуми тоҷик аст, ки аз воқеан кӯҳистонӣ будани онон шаҳодат медиҳад.

Эъмори оврингҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оврингҳоро бо ҳашар тамоми аҳли деҳот таҳти роҳнамоии устоҳои ин соҳа эъмор мекарданд, ки кори хеле мушкил буд: аввал аз чӯби дарахтони мустаҳкам ва напӯсанда ˗ бурс (арча, амбахc), туғ ва ё бруч (як навъ сафедор) фонаҳои 60-70 см. (баъзан то 1м.) тарошида, ин фонаҳоро дар шикофҳои шах-сахра мекӯфтанд. Баъдан аз болои он чӯбҳои дароз, ходаҳо ва навдаҳоро зич гузошта бо арғамчин, ресмон ва гоҳо тасмаҳои ғафси чармӣ мебастанд. Дар даврони қадимтар тасмаҳои аз пӯсти бруч омодашударо истифода мекарданд. Минбаъд аз болои он хок андохта сум мезаданд. Дар ҷойҳое, ки чунин шикофҳои танаи сахра вуҷуд надоштанд, Овринги овеза месохтанд ва агар чунин оврингсозӣ низ имконпазир набуд, самтро тағйир (боло ё поин) дода овринги зина-нардбомгунае месохтанд. Чунин оврингҳо нисбатан паҳн 1-1,5 м ва маъмулан камбар (борик-танг, то 60-70см) буданд ва баробари қади одамӣ дар ҳар ҷойи сахра мехҳои чӯбӣ мекӯфтанд, то раҳгузар аз он мехҳо дошта роҳашро идома диҳад. Дар баъзе ҳолатҳо агар овринг сахт камбар буд ва ду нафар рӯ ба рӯ меомаданд, яке ба шикам хоб мерафт ва дигарӣ аз болои пушти ӯ мегузашт. Аз ин буд, ки байни мардум мақоли

«

«Роҳгузар дар овринг – ашки сари мижгон»

»

роиҷ буд. Оврингҳо, маъмулан, аз якчанд метр то 1-2 км тӯл (дарозӣ) доштанд ва ҳамеша серроҳгузар буданд. Ҳамчунин бо вуҷуди хавфу хатари зиёд аз ин оврингҳо аспу хару шутур ва хушгов бо бораш ва бузу гӯсфанду гов ҳам гузаронида мешуданд.

  • Фарҳанги тафсириии забони тоҷикӣ (дар 2 ҷилд). — Душанбе, Пажуҳишгоҳи забон ва дабиёти ба номи Рӯдакӣ. Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода. 2008.