Одилхон Шабозов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Одилхон Шабозов
Одилхон Шабозов
Таърихи таваллуд 1937(1937)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2010(2010)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Одилхон Шабозов (тав. 1937, деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон – ваф. 2010) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1966), дотсент (1971).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1954 мактаби миёнаи № 3 ш. Хоруғро бо медали тило хатм намудааст. Солҳои 1954–1959 донишҷӯи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1959–1962 лаборанти калон ва ходими хурди илмии шуъбаи физика ва математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1962–1965 аспиранти Донишкадаи омӯзгории ба номи А.И. Герсени ш. Ленинград, 1966–1971 ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Институти математикаи АИ Тоҷикистон буд. Солҳои 1971–1976 ҳамчун мудири кафедраи анализи математикӣ, 1976–1986 муовини декани факултети математика ва дотсенти кафедраи анализи математикӣ, 1986–1995 мудири кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ мебошад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Поперечники некоторых классов аналитических в единичном круге функций // Доклад АН РТ, т. 40, № 1–2, 1998;
  • Наилучшие приближения и значение поперечников некоторых классов функций в простаранстве Бергмана Вр, 1≤р≤∞ // Доклад АН России, 2006, т. 410, № 4.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]