Одилҷон Назаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Одилҷон Назаров
Одилҷон Назаров
Таърихи таваллуд 1929(1929)
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1929(1929)
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Одилҷон Назаров (1929 – 2003) – оҳангсоз, дирижёр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Тамоми фаъолият оҳангсозии О.Назаров ва комёбиҳои эҷодиёти мусиқии ӯ ба Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ сахт алоқаманд аст. Тӯли солҳои зиёд О. Назаров роҳбари доимии ин коллективи эҷодӣ – директор, роҳбари бадеӣ ва сардирижёр буд. Таҳти роҳбарии ӯ театр ниҳоят ба маъруфияти бузург ноил гардид. Намоишномаҳо бо мусиқии О.Назаровро метавон шиносномаи театр номид. Намоишномаҳо, аз қабили «Рашк», «Садоқат», «Шаҳло», «Ғуломи сиёҳ», «Интихоби домод» ва боз бисёри дигар синтези сарчашмаҳои драмавӣ ва мусиқӣ мебошанд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти дирижёрӣ ва оҳангсозӣ бо ҳам зич алоқаманд мебошанд. Вай барои оркестри созҳои халқӣ асарҳои зиёд эҷод кардааст, ки онҳо ба репертуари коллективҳои навозандагон ворид гардидаанд: «Ленинободи ман», «Сайри лола», «Дил бурдӣ», инчунин валсҳои лирикӣ. Сурудҳои «Ленинобод», «Ба раққоса», «Ту ҷони ман», «Гул дар боғ», «Субҳи шаҳри азизам» ва бисёр дигаронро иҷрокунандагони машҳури ҷумҳурӣ бо қаноатмандӣ ба репертуари худ ворид месозанд. Ба қалами композитор О. Назаров сюитаи вокалӣ-хореографии «Муборак, иди мушаррафат» ба шеъри Н. Шариф, инчунин хорҳои «Ба партия» ва «Ба партияи Ленин» ба шеъри Н. Шариф, «Тӯй муборак» ба шеъри А. Бобоҷон ва дигарон тааллуқ доранд. О. Назаров дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва мусиқии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзидааст, ӯ бо медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва панҷ Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960, 1967, 1974, 1979, 1985) сарфароз гардонида шудааст.

Сюитаҳо ва хорҳо:

  • «Муборак иди мушаррафат» – сюитаи вокалӣ-хореографӣ, ба шеъри Н.Шариф.
  • «Ба партия», хор ба шеъри Н.Шариф.
  • «Ассалом ба Ленинобод», хор ба шеъри Н.Шариф.
  • «Тӯй муборак», хор ба шеъри А.Бобоҷон.
  • «Ба партияи Ленин», хор ба шеъри Н.Шариф.
  • Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ:
  • Валси №5.
  • Валси №6.
  • Валси №7.
  • «Ленинободи ман».
  • «Ленинабадская полька».
  • «Фасли баҳор».
  • «Сайри лола».
  • Сурудҳо:
  • «Ба раққоса», шеъри О.Аминзода.
  • «Ту ҷони ман», шеъри А.Шукӯҳӣ.
  • «Ленинобод», шеъри С.Ҷило.
  • «Диламро деҳ», шеъри А.Шукӯҳӣ.
  • «Дилбурдӣ», шеъри А.Баҳорӣ.
  • «Гул дар боғ», шеъри халқӣ.
  • «Субҳи шаҳри азизам», шеъри Ф.Ансорӣ.
  • «Ба партия», шеъри С.Ҷило.
  • Намоишномаҳои мусиқӣ:
  • «Кӯчабоғи ошиқон», А.Шукӯҳӣ.
  • «Интихоби домод», Х.Содиқ.
  • «Ғуломи сиёҳ», И.Иконникова.
  • «Садоқат», С.Сафаров.
  • «Иродаи зан», А. Сидқӣ.
  • «Шаҳло», А.Шукӯҳӣ.
  • «Калиди бахт», С.Ҷило.
  • == Ҳамчунин нигаред ==
  • Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
  • Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. соли 114-116