Олег Болшаков
Олег Георгиевич Болшаков | |
Таърихи таваллуд | 3 июн 1929 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 апрел 2020 (90 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ ва арабшиносӣ[1] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Олег Георгиевич Болшаков (3 июн 1929, Твер — 20 апрел 2020, Санкт-Петербург) — шарқшинос ва таърихнигори рус, доктори илмҳои таърих (1974), профессор (1992). Ходими хидматнишондодаи илми Федератсияи Русия (1997).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Ленинград (1951). Ҳангоми донишҷӯӣ ва минбаъд дар гурӯҳи бостоншиносони АИ ИҶШС дар ҳафриёти Панҷакенти Қадим ширкат варзидааст. Баъди хатми Донишгоҳ ба аспирантураи Эрмитажи давлатӣ дохил шуда, соли 1954 дар мавзӯи «Сафолҳои обёрии Мовароуннаҳр дар асрҳои 8-12 ҳамчун ёдгории таърихӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Солҳои 1954-56 ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатӣ буда, бештар ба таҳия ва таснифи маводди таърихию бостоншиносии Осиёи Марказӣ машғул шудааст. Аз декабри 1956 то октябри 1966 ходими хурди илмии бахши бостоншиносии Осиёи Миёна ва Қафқози Институти таърихи фарҳанги моддӣ буд. Ӯ дар ҷустуҷӯҳои бостоншиносии хафриёти Панҷакент ҳамасола ширкат варзида, ба масъалаи шаҳрҳои асримиёнагии мусулмонӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию иқтисодӣ мароқ зоҳир мекунад. Ҳамзамон масъалаи хатти арабӣ ва хаттотиро ҳамчун василаи санъати тасвирӣ дар ҷомеаи асримиёнагии мусулмонӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Солҳои 1961—1962 ва 1962—1963 дар ҳайати гурӯҳи бостоншиносии Шӯравӣ дар Нубияи Миср ширкат варзида, ҳамзамон дар таҳия ва таҳрири мунтахаботи дуҷилдаи Б. В. Бартолд саҳми арзанда мегузорад, ки ин равияи таҳқиқоти минбаъдаро дар ҷодаи арабшиносӣ барояш мекушояд. Соли 1966 Б. ба дастаи арабшиносии шуъбаи ленинградии Институти халқҳои Осиёи АИ ИҶШС ба кор гузашта, аз соли 1969 таҳқиқоти илмии «Шаҳрҳои асримиёнагии Шарқи Наздик дар асри 7 то аҳди истилои муғул»-ро ба анҷом мерасонад. Соли 1974 дар мавзӯи «Шаҳрҳои Осиёи Миёна дар охири асри 8 — ибтидои асри 13» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, ин мавзӯъро пайваста идома ва такмил медод. Натиҷаи ниҳоии ин таҳқиқот рисолаи «Шаҳрҳои асримиёнагии Шарқи Наздик дар асри 7 — нимаи асри 13. Робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ» гардид, ки дар он ривоҷи шаҳрсозӣ, ҳудуди афзоиши шаҳрҳо, шумораи аҳолӣ ва дигар омилҳои иқтисодию иҷтимоии ш-ҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо шаҳрҳои Аврупои Ғарбӣ оварда шудааст. Б. аз соли 1948 дар ҳафриётҳои бостоншиносии Панҷакенти Қадим бо роҳбарии А. Ю. Якубовский, М. М. Дяконов ва А. М. Беленитский ширкат варзидааст. Ӯ вобаста ба шаҳристони Панҷакенти Қадим ва дигар ш-ҳои Осиёи Марказӣ як қатор мақолаву асарҳои илмӣ навиштааст, ки дар онҳо оид ба таърихи фарҳанги моддӣ ва санъати қадимии халқи тоҷик андешаҳои ҷолибу хотирмон меорад. Саҳми Б. дар омӯзиши таърихи густариши ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр, ташаккули ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва санъати халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар асрҳои миёна, хеле бузург аст. Тайи солҳои 1969-80 дар ҳафриёти бостоншиносии Ироқ ширкат варзидааст. Б. ҳамчунин ба омӯзиши таърихи ислом рӯ оварда, таҳқиқи пайдоиши давлатҳои мусулмониро дар китоби чорҷилдаи «Таърихи хилофат» ба анҷом расонидааст, ки асосан аҳди давлатдории хулафои рошидинро фаро мегирад. Солҳои 1987—1990 дар ҳайати ҷустуҷӯйии бостоншиносони Шӯравӣ дар Ироқ саҳми сазовор гузошта, дар чандин донишгоҳи олӣ курсҳои махсуси таърихшиносии арабро дарс медиҳад ва ба корҳои илмии унвонҷӯён сарварӣ мекунад. Аз соли 1986 ходими илмӣ ва аз майи 1996 ходими калони илмии шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Русия.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия дар соҳаи илм ва техника (2002). Бо Ордени «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон (2000) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Поливая керамика Мавераннахра VІІІ-XІІ вв. как историко-культурный памятник. — Ленинград, 1954;
- Город Средней Азии в конце VІІІ- начала XІІІ вв. — Ленинград, 1974;
- Средневековый город Ближнего Востока VІІ — середина XІІІ вв. Социально-экономические отношения. — М., 1983 (второе издание. — М., 2001);
- История Халифата. В 4 т., М., 1989, 1990.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 111.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Болшаков Олег Георгиевич / Б. Абдураҳмон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.