Олимхон Исматӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олимхон Исматӣ
Олимхон Исматӣ
Таърихи таваллуд: 28 феврал 1958(1958-02-28) (65 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: адиб, рӯзноманигор
Жанр: шеър
Забони осор: забони тоҷикӣ

Олимхон Исматӣ — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимхон Исматӣ 28 феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода шудааст. Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан муаллим, хабарнигори рўзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст. Ҳоло дар Масчоҳи Нав кору зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии «Машъал» мебошад. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба навиштани шеърҳои бачагона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад. Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон» (1984), «Неши нўш» (1988), «Чил қадам» (1990), «Кокули бом» (1991) ва ғайра чоп шудаанд. Муаллифи маҷмуаҳои «Бўсаи нур» (1991), «Ҳаво, рўта кушо…» (1992), «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Ҷонфидо» (1996), «Оёти найсон» (1998) ва «Ашки булбул» (2006) мебошад. [1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]