Ориёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ориёи)
Зарри бостонии ориёӣ ки дар Эрон бозёфт шудааст, ба вақти ҳазораи якуми пеш аз милод рост меояд.

Ориёӣ (форсӣ: آريايی‎, (авестоӣ: airya-, ҳин. бос. ā́rya-, порсии бостон: ariya-) — номест, ки ба ҳиндуорёииҳои шимоли ҳиндуэрониён додаанд, ки дар тӯли ҳазораи севуми то мелод ба фалоти Эрон ва шибҳиқораи Ҳинд кӯчидаанд.

Вожа[вироиш | вироиши манбаъ]

Ориёӣ аз калимаи авестоии «ā́rya» ва эронии «airya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст.

Таърих ва меҳани ориёиҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар сарчашмаҳои қадим якчанд кишварҳои ориёӣ номбар шудаанд: дар «Михр-яшт» навишта шудааст, ки Аирьошаяну («Маскани ориёиҳо») шаш кишварро дарбар мегирад: Ишкат ва Поурут (дар кӯҳсори Ҳиндукш), Моуру ва Харойа (Марв ва Ҳирот), Гава-Суғд ва Хваиризем (Суғд и Хоразм). Дар «Видевдод» (қисмати Авесто) 16 кишвар номбар гардидааст, аз ҷумла « „Airyanəm vaējah“ — „Аирянам Ваэҷаҳ“ (Ориёно „Фарохнои ориёиҳо“). Инчунин, дар Авесто панҷ халқи ориёӣ номбар шудааст: ориёӣ (airya-) — офарандагони Авесто ва халқҳои дигар (ғайри эътқоди Дини зардуштӣ) — туйиря (tūirya-), сайрима (sairima-), саини (sāini-) ва дахҳо (dåŋha-), ки ба халқҳои эронизабон (яъне, ориёиҳо) нисбат дода шудаанд. Маҳз аз ҳамин тазоди авестои минбаъд тазоди Эрон (кишвари ориёиҳо) ва Турон — Давлати Афросиёб ба миён омадааст.

Дар замони қадим oриёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил медоданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV пеш аз мелод онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кўчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Марказӣ ва Эрони Шарқӣ маскан гирифта зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Мутобиқи сарчашмаҳо аввалин ва қадимтарин сулолаи подшоҳони ориёӣ — сулолаи Давлати Пешдодиён буд.

Решашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимони забоншинос эҳтимол мекунанд ки „калимаи агуа шояд аз решаи феълии -ar“-ҳаракат кардан», дар ҳаракат будан" пайдо шуда бошад" (Р. Додихудоев). Ин унвон дар бисёр этноним, антропоним ва топонимҳои Эронзамини таърихи-географи дучор мешаванд. Аз ҷумла олими Юнони Қадим Страбон аҳолии Форсу Мод, Бохтару Суғдро ориёни номидааст. Калимаи «эрон» дар забонҳои форсии қадим, форсии миёнаю муосир, тоҷики, дарии афғон, забони осетин (allon), боқӣ мондааст. Дар ҳазораи II то милод тоифаҳои ориёнии ҳиндуэрони ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, минбаъд истилоҳҳои ориёни истифода мешавад.

Оиди забони ориёиҳои нахуст, ғайр аз хулосаи асосии ҳундиэрони будани вай, дигар маълумоти аниқ дар илм вуҷуд надорад. Лекин шубҳа нест, ки забони ориёниҳои аввалин бо забони авестоӣ, ки аз рӯи осори лиссонии ҳамагонаи «Авесто» олимон тартиб додаанд, яканд. Забони авестои-яке аз забонҳои қадими гурӯҳи эронии шарки аст. Дар «Авесто» ду шеваи ҳамин забон — шеваи қадимтару архаистии Готҳо (сурудҳои готҳо, чанд боби «Яснои хаптанхаити») ва шеваи Хурд-Авесто китобат шудаанд. Мувофиқи ақидаи эроншиноси бузург Е. Э. Бертельс ин забон дар ҳавзаи Ҳамун (шарқии Балх ва шимолу ғарбии Марв) маълум будааст ва онро забони бохтарии қадим ҳам номидаанд. Авестошиносон дар асоси омузиш фонетикаи Авесто ва истифодаи усули муқоисави таърихи фонетикаи забони авестоиро барқарор карданд.

Забони авестои дорои 14 садонок ва 34 ҳамсадо аст. Зада дар забони авестои ба забони форсии қадим ният дорад. Зада дар Готҳои Авесто оҳанги аст. Ҳиссаҳои номи дорои 8 падеж , ҷинсҳои мардона, занона вам иёна, шумораҳои танҳо, дугона ва ҷамъ, феъл, катигорияҳои замони ҳозира, оянда, гузашта ва осори хос аст. Ҷои калима озод аст. Забони авестои аз ҷихати сохти синтаксис ива морфологи ба санскрити ҳинди ва забони форсии қадим хеле наздик аст, ки охирин аз забонҳои қадимтарини соҳибат ва соҳибдавлати форси (Ҳахоманишиён) Буда, ба туфайли гурӯҳи катибаҳои Бесутун ва дигар маълумаст. Мувофиқи маълумоти Герадот забони форси қадим ба забони қабилаҳои саку-массагетии даштҳои Наздиарал хеле наздик будааст. Сохти овозии забони форси қадим давраи ибтидои нахустзабонҳои эрониро тачассум мекунанд, 22 ҳамсадо дорад, морфологияш системаи бойи флективии ба забонҳои авестои ва санскрит наздики дорад, аксари падежҳояшон дар ҳар сеи онҳо мавҷуданд.

Олимони забоншинос дар фаҳмидани асосҳои забони ориёнҳои қадимтарин реконструксияи (барқарор кардани) забони мабдаъи доданд. Ҳолатҳои муқаддаму умуми дар асоси маҷмӯи айниятҳои фонетики, грамматики ва маънои дар асоси маҷмӯи айниятҳои таърихи ба вуҷуд оварданд(А.Мейс,1938;В.Порсиг,1964;ва ғайра) Ва бояд дар ибтидои давраи ориёни маҷмӯи шеваҳои ба ҳамдигар хеле наздик будаас, ки тадриҷан дар натиҷаи тараққиёти мустақилона баъд ба забонҳои алоҳида ҷудо шудаанд. Таърих ва маълумоти бисёри экстралингвисти шаҳодати ин воқеият ҳастанд.

Дар хулоса барои забони оғозии ориёниҳо эҳтимоли бештари маъмули реалии таърихидошта дар ин аст; нахустзабони ориёни дар ибтидо дар худи сарзамини Ариана-Арйана Вайҷаи «Авесто» чун маҳсули меҳнати дурударозу мушкили замони азхудкунии табиату муҳити зисти нахустмеҳани худ ва гузариш аз тарзи ҳаёти истеъмоли маҳсули тайёри табиат (шикор ва ҷамъоварии меваҳои рустани) ба тарзи нави ҳаёти истеҳсоли (зироаткори, чорводори, ҳунарҳои қадимтари маъданкори , кулолӣ, бофандагию дузандагӣ ва ғайра), дарккунии муҳити зисти атроф ва худмуқовиматсозии ҷисми, меҳнати, ва хусусан зеҳнию маънави инсон рост меояд ва давраҳои инқилоби перманентии неолити, энеолит ива биринҷиро дарбар мегирад. Оиди хулосаи дигари (дуюми) асосии маъмултари ориёншиносии имруза дар қисми дуюми ҳамин боби китоби дарси сухан меравад.

Дар ин ҷо бошад, аввалан барои ҳиҷрат (миграция), яъне заминкушоӣ ва паҳншавии қавмҳои ориёнии қадимтарин дар Осиё ва Аврупо ба хотир орем. Дар вақти тадқиқотҳои лингвисти ва ҳарфиётҳои бостоншиносии (археологи, топонимики, эпиграфики ва ғайра) дарозмуддати натиҷаноки асрҳои XIX—XX чанд минтақаи хеши, ҷамбастагии хоҷаги, иҷтимои вамаданидошта ҷудо шуданд, ки ба маълумоти хаттии " Авесто " ва дигар сарчашмаҳои мавҷудаи қадими эрони, юнону руми, ҳинди, ва ғайра рост меоянду аз сабаби нопуррагии онҳо боиси баҳсҳои доманадору бисёрфикрии олимони ориёншинос шуданд. Агар аз шимолу ғарб ин минтақаҳоро номбар кунем, руйхати зерини гурӯҳҳои калони онҳо чунин мешавад:

  • Қавмҳои гурӯҳи маданиятҳои андроновии даштҳои шимол аз нахустбозёфти бошишгоҳи Андроново дар Енисей то бошишгоҳҳою қабристонҳои даштҳою доманакӯҳҳои Урали ҷанубӣ, поёноби Волга, Каспийи Шимолӣ ва қавмҳои маданиятҳои Тозабогоби ва Суяргонии Баҳри Арал. Дар ин даштҳо баъдтар, дар хазораи I то милод қавмҳои конфедератсияҳои скифусакои ва массагети ривоҷ меёбанд, ки ориёни нажоди сони буда, осорҳои археологии онҳо, хусусан қабристону курғонҳо дар Туваю Олтои Кӯҳӣ , даштҳои шимолии Осиёи Маркази, мавзеҳои поёноби Сирдарё ва атрофи Баҳри Арал кашф шуданд. Ин минтақаҳои Ориёнзамин дар «Авесто» чун Арйана Вайча (Фазои бузурги Ориёни) тасвир шудааст.
  • Минтақаи бунёдии бузурги муҳими ориёни зироаткор, чорводор, маъдангудоз, ҳунарманд ва нахусшаҳру деҳанишини Осиёи Миёна, ки чанд манбаъҳои ҳавзаҳои Мурғоб, Теҷан, зарафшон ва Амударёро офаридаанд. Унвонҳои димнаҳою бошишгоҳҳою қабристонҳои онҳо дар харитаи пешниҳодшудаи ҳамин боби китоби дарси номбар шудаанд.(ниг.).
  • Минтақаи ориёниҳои дар ҷанубу шарқ-ҳавзаи байнаннаҳри Ҳинду Ҷамнаи субконтиненти Ҳиндустон муҳоҷир шуда дар оянда каноти ҳиндуи қавмҳои Ҳиндуэронии ва Ҳиндуаврупоиро ташкил карданд. Дар таърих ин минтақа ба Кашмири зебою баландтамаддуни Шарқ табдил гашт.
  • Минтақаи қавмҳои ориёнии гузаргоҳи Дарбанду Албания Кавкази, ки роҳи хеле қулайи ҳиҷрати ориёниҳои ҷанубиу шимол ва дар таърихи ориёниҳо саҳми калон гузошт.
  • Минтақаи ориёнии Кавкази чанубӣ, Мод, Арманистони таърихи ва Анатолия (Осиёи Хурд), ки инунин вазифаи гузаргоҳиро (бо воситаи Босфор) аз Осиё ба Аврупои Маркази иҷро кардааст. Ин минтақа таммадунҳои бойи ориёни офаридааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]