Jump to content

Турон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сарзамини Турон дар Осиёи Марказӣ

Турон (авастоӣ: Tūiriiānəm; паҳлавӣ: Tūrān, форсӣ: توران‎ — аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, сарзамини ориёҳои кӯчанда – турониён – буд, ки ҳамсояи ориёҳои шаҳрнишин – эрониён буданд.

Турон ва Эрон ду бахши Ориёно буданд, ки Омударё аз миёнашон мегузашт.

Турон сарзамини устураӣ хонда шудааст, аммо пажӯҳишҳои навин нишон додаанд, ки Турон ҳамон сарзаминҳои Фарорӯд / Варазрӯд то марзҳои Русия дар шимол ва Чин дар ховар будааст[1].

Бархе гузорандагони устура ва ҳамосаи Эрон бо он пешзаминаи зеҳнӣ ки дар ҳама сурудаҳо ва навиштаҳои куҳани эронӣ ва сипас дар «Шоҳнома» ва дигар китобҳои порсӣ ва ҳатто бисёре аз китобҳои арабӣ дар ҳазораи ахир, ҳамвора турониён бар умум ва Афросиёбу Карсеваз ба вижа, дужманишу табоҳкору аҳриманӣ тавсиф шудаанд, хатте ҷудосоз миёни Эрону Турон мекашанд ва нахустинро яксара сарзамини аҳуроӣ ва биҳиштӣ ва дувуминро якбора марзу буми аҳриманӣ ва дузахӣ меангоранд. Аммо бозшинохти дурусту жарфкоронаи саросари устураҳо ва омӯзаҳои динии эрониёни бостон нишон медиҳад ки ингуна хатткашӣ ва сиёҳу сапедангорӣ поя ва бунёди устуворе сиришту жарфсохти устураҳои эронӣ надорад.

Дар Авесто панҷ халқи ориёӣ номбар шудааст:ориёӣ (airya-) - офарандагони Авесто ва халқҳои дигар (ғайри эътқоди Дини зардуштӣ) - туйиря (tūirya-), сайрима (sairima-), саини (sāini-) ва дахҳо (dåŋha-)номбар шудааст? ки ба халқҳои эронизабон (яъне, ориёиҳо) нисбат дода шудаанд. Маҳз аз ҳамин тазоди авестои минбаъд тазоди Эрон (кишвари ориёиҳо) ва Турон - Давлати Афросиёб ба миён омадааст.[2]

Аз нигоҳи таборшиносӣ, эрониён ва турониён ду тира аз ариёҳо ҳастанд ки дар рӯзгорони кухан ва то чанд ҳазора пеш аз ин дар Фарорӯд (Варазрӯд – сарзаминҳои шимолии Омударё) дар канори ҳам мезистанд ва сипас дар ҳазораҳои дувум ва якуми пеш аз милод шохаҳое аз яке аз ин тираҳо ба кӯҳсори Эрони (аз бохтари дараи Синд то Миёнрӯдон) кӯчиданд ки ба номи «эронӣ» шинохта шуданд ва дигарон ки дар фаросӯи Омударё монданд, «туронӣ» ном гирифтанд»[3].

Дар замонҳои пасин ба сабаби кӯчи тираҳое аз турктаборон аз бахшҳои ховарии Осиё ба сарзаминҳои Фарорӯд (зодбуми турониён) ва даромехтани онҳо бо бархе аз бумиёни туронӣ, ҳама турониён «турк» хонда шуданд ва ин иштибоҳи бузурги торихӣ ва таборшинохтӣ ба ҳамаи матнҳои торихӣ ва ҷуғрофиёӣ ва адабӣ ва аз ҷумла «Шоҳнома» роҳ ёфт[4].

Турон номи аслӣ ва бостонии Тоҷикзамин аст, ки Тоҷикистон як бахше аз он аст. Бархе аз туркзабонон ҳақиқату воқеияти таърихиро таҳриф карда, кӯшиш мекунанд, ки Туронро сарзамини туркон ва туркнажодонро вориси аслӣ ва ҳаққонии таърих ва мероси турониён вонамуд кунанд. Дар ин кор аз ҳама бештар туркҳову озарбойҷониҳову ӯзбекҳо кӯшиш мекунанд, ки хушбахтона аз ҳама камтар ҳаққи чунин даъворо доранд. Туркзабонон бар ин дурӯғ бовар доранд, ки Турон ҳамеша туркнишин будааст ва аз ин рӯ бо Туркистон яке аст.

Пешиниён Туронро бо Туркистон яке намедонистанд. Аз ҷумла, нависандаи «Фарҳанги Онандроҷ» навиштааст: «Ва Турон ғайри Туркистон буда... чун аъроб бар он вилоят (Турон) муставлӣ (фармонраво) шуданд ба Мовароуннаҳр мавсум шуд». Ҳамин нависанда ҳудуди онро чунин менигорад: «Мовароуннаҳр вилоятест шарқаш Фарғона ва ғарбаш Хоразм ва шимолаш Тошканд ва ҷанубаш Балху Самарқанд ва муаззам билоди Турон аст» [5].

Туркистон худ вожаест ки бад-он тоҷикон сарзамини туркнишини Ҳафтрӯдро меномиданд. Ин сарзамин дар шимолу шарқии Қирғизистони кунунӣ ҷой дошт.

Инҷоро ҳам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368; Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371
  2. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D1%80%D0%B8%D0%B8
  3. Иброҳим пури Довуд. Тур ва туронӣ дар ҷилди аввали «Яштҳо»; Роман Гиршман. Эрон аз оғоз то ислом. Тарҷ. дуктур Муҳаммад Муъин
  4. Дӯстхоҳ, Ҷалил. Ҳамосаи Эрон: ёдмоне аз фаросӯи ҳазораҳо (сиву панҷ гуфтору баррасӣ ва нақди шоҳномашинохтӣ). – Теҳрон: «Огоҳ», 1380, ISBN 964-416-190-4. – саҳ. 199, 222, 442
  5. Фарҳанги Онандроҷ, ҷ. 1, саҳ. 1224.
  • Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.
  • Иброҳим пури Довуд. Тур ва туронӣ дар ҷилди аввали «Яштҳо».
  • Роман Гиршман. Эрон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи дуктур Муҳаммад Муъин
  • Дӯстхоҳ, Ҷалил. Ҳамосаи Эрон: ёдмоне аз фаросӯи ҳазораҳо (сиву панҷ гуфтору баррасӣ ва нақди шоҳномашинохтӣ). – Теҳрон: «Огоҳ», 1380, ISBN 964-416-190-4.
  • «Фарҳанги Онандроҷ», ҷ. 1, саҳ. 1224.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]