Отто фон Бисмарк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Отто фон Бисмарк
олмонӣ: Otto von Bismarck
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд олмонӣ: Otto Eduard Leopold von Bismarck[5]
Таърихи таваллуд 1 апрел 1815(1815-04-01)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 июл 1898(1898-07-30)[1][2][3][…] (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор, диплумот, ҳуқуқдон, афсари низомӣ, нависанда, volunteer serving one year
Падар Ferdinand von Bismarck[d][6][4][5]
Модар Wilhelmine Luise Mencken[d][6][4][5]
Ҳамсар Johanna von Puttkamer[d][4][5]
Фарзанд Marie von Bismarck[d][7][4][5], Wilhelm von Bismarck[d][7][8][9][…] ва Herbert von Bismarck[d][7][8][4][…]
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Отто фон Бисмарк — ходими давлатӣ, сиёсатмадор, лашкаркаши Пруссия ва Олмон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Отто Эдуард Леополд фон Шенхаузен Бисмарк 1 апрели соли 1815 дар кӯшки Шенхаузени маркграфии Бранденбург таваллуд ёфта буд. Вай фарзанди чаҳоруми помешик, ротмистри мустаъфй Фердинанд фон Бисмарк ва завҷаи ӯ Вилгелмина, духтари публитсист, профессор Менкен, ба ҳисоб мерафт. Бачагии ӯ дар мулки аҷдодиаш Книпхофи назди Наугард, дар Померания сипарӣ шудааст. Дар шашсолагиаш ӯро ба мактаби хусусии Пламан супурданд. Модараш зуд ояндаи писарчаро муайян намуд: «Вай дипломат мешавад». Вале анъанаи авлодӣ метавонист Бисмаркро ба соҳаи ҳарбӣ ҷалб созад. Зеро дар тӯли сесад соли охир ниёгони Бисмарк дар тамоми ҷангҳои зидди Франсия иштирок доштанд. Баъдтар Бисмарк бисёр афсӯс мехӯрд, ки афсар нашуд ва ба ин модарашро гунаҳкор медонист. Соли 1832 Бисмарк дар донишгоҳи Геттинген ба омӯзиши ҳукуқ пардохт. Аммо дар тӯли се семестри нахуст ӯро бештар дар пивохонаҳо медиданд. Вай дар ҳамаи ҳангомаҳои кӯчагии ҷавонон даст дошт. Вақти боқиро ба шикор, шамшерзанӣ, гимнастика, аспсаворӣ мебахшид, 27 маротиба дар дуэл ҷангидааст. Бисмарк соли 1834 ба як дӯсти овони ҷавониаш навишта буд: «Ман ё аблаҳи гузаро мешавам, ё тағӣирдиҳандаи беназири Пруссия». Ӯ соли 1835 имтиҳони давлатӣ супурда, ҳуҷҷати ҳуқуқшиносӣ гирифт ва дар мақомоти округи Ахен референт таъйин гашт. Аммо интизоми хизматиро бисёр вақт риоя намекард. Ба ӯ тавсия намуданд, ки хизматро дар Потсдам идома диҳад. Вале дар он ҷо ҳам бисёр тоб наовард. Баъд ба Грайфсвалд омад. Бисмарк дар донишкадаи аграрии Элден лексия мешунид. Баҳори соли 1839, пас аз иваз намудани чандин ҷойи кор ба барқарорсозии Книпхоф даст зад. Бисмарк дар мақомоти маҳаллӣ ҳамчун вакил ширкат меварзид. Дар ин давра вай ба Англия, Франсия, Италия ва Швейтсария сафар намуд.[10]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Barkin K. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 4.6 4.7 4.8 Meyer A. Biographisches Jahrbuch und Deutscher Nekrolog (нем.) / Hrsg.: A. BettelheimB. — Vol. 3. — S. 1—42.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 5.6 Stolberg-Wernigerode O. z., verschiedene Autoren Neue Deutsche Biographie (нем.)Historische Kommission bei der Bayerischen Akademie der Wissenschaften, 1955. — Vol. 2. — S. 268—277. — doi:10.1163/9789004337862_LGBO_COM_140215
  6. 6.0 6.1 Pas L. v. Genealogics (ингл.) — 2003.
  7. 7.0 7.1 7.2 https://www.dhm.de/lemo/biografie/otto-bismarck
  8. 8.0 8.1 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
  9. В. В—в Бисмарк, Вильгельм (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1905. — Т. доп. I. — С. 267—268. — 956 с.
  10. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 79 – 78