Афсар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Хизматчиёни ҳарбии отделенияи 56-ум бригадаи ДШБ, артиши 40-ум дап Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.
Хизматчиёни ҳарбии отделенияи 56-ум бригадаи ДШБ, артиши 40-ум дап Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.

Афсáр أفسر (олмонӣ Offizier, аз калимаи лотинии officiarius — кордор, масъул аз лотинӣ: officium — кор, масъулият) — шахси фармондеҳ ва сардор дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ, милитсия, политсия ва дигар сохторҳои дахлдор. Афсар соҳиби рутбаи ҳарбиcт. Аввалҳо ашхосеро, ки соҳиби баъзе мансабҳои давлатӣ буданд, афсар меномиданд. Бо пайдо шудани артиши кирояи доимӣ ва флотҳои ҳарбию баҳрӣ (асри 16) дар Фаронса ва дигар давлатҳои Аврупо фармондеҳони лашкар афсар ном гирифтанд. Дар артиши рус мансабҳои афсарӣ якумин бор дар «полкҳои шакли нав» (асри 16) ҷорӣ шуд. Дар Россия аз аввали асри 18 афсар ба штаб – афсар (аз майор то полковник) ва обер – афсар (аз капитан поён) тақсим мешуд. Баъди Инқилоби Октябр тамоми рутбаҳои афсар барҳам дода шуд. Соли 1943 баъди дар Артиши Сурх ва ФҲБ ҷорӣ кардани пагонҳо фармондеҳон ва сардорон афсар ном гирифтанд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила рутбаҳои афсарӣ мавҷуданд.[1]

Дар бораи вожаи «Афсар» инро бад нест бидонем ки маънии аслияш «тоҷ; кулоҳи подшоҳон» будааст. Ин вожа дар порсии миёна «afsar» буда ки бархоста аз «*api-sara-» дар эронии бостон аст ва он худ барсохта аз пешванди «*api-» ва «*sara-» – «сар», яъне «ончи бар сар гузоранд». Дигар маънии «афсар» «сардор; раҳбар» аст, чунон ки дар «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Бидон ки падари ту афсари қавм буд».

Аммо «афсаре» ки имрӯз дар нируҳои низомӣ ва интизомӣ барои дараҷадорон ба кор меравад, бо ин «тоҷу сардору раҳбар» чандон пайванде надорад ва вомвожаест аз фаронсавии «officier» (ё анлисии «officer»). Эҳтимолан ҳамин маънии маҷозии «афсар» имкон дода ки «officier» дар порсӣ ба маънии «сардор» комилан ҷоуфтода шавад.

Нигаред[вироиш]

Рутбаҳои ҳарбӣ

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манбаъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125