Оқомуҳаммади Наққош
Оқомуҳаммади Наққош (?, Исфаҳон — ?, Табрез) — хаттот, мусаввир ва наққоши охири асри 15 ва аввал асри 16 форс-тоҷик. Яке аз намояндагони барҷастаи мактаби минётури Исфаҳон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати тасвирӣ ва хаттотиро дар зодгоҳаш омӯхта, барои такмили маҳорат ба Ҳирот, Бухоро, Ироқ рафтааст. Оқомуҳаммади Наққош дар санъати минётурнигорӣ ва хати ороишиву тазйинӣ истеъдоди комил дошт.
Чанд гоҳ дар назди хаттотону мусаввирони забардасти замонаш — Миралии Ҳиравӣ, Султоналии Машҳадӣ, Султонмуҳаммади Хандон шогирд буд. Пас аз камоли хунар дар китобхонаи Сафавиён чун котиб хизмат намуд. «Гулистон»-и Саъдӣ, девони Ҳофиз ва «Шоҳнома»-и Фирдавсиро оро додааст. Оқомуҳаммади Наққош услуби устодонашро идома дода, дар нигоришу ороишот ва китобати асарҳо ҳамсояи Султоналии Машҳадӣ гашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Оқомуҳаммади Наққош // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).