Парвиз Шарифзода
Шарифзода Парвиз Одилшо | |
| |
Таърихи таваллуд | 3 июн 1986 (38 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор |
Тоҷиксодиротбонк Бонки рушди Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2009) |
Шарифзода Парвиз Одилшо (зод. 3 июни 1986; деҳаи Сари Сафедхок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2021)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шарифзода Парвиз Одилшо 3 июни соли 1986 дар деҳаи Сари Сафедхоки ноҳияи Файзобод дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи № 24-и ноҳияи Файзободро соли 2004 ва соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм намудаст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми Донишгоҳ фаъолияти кориро дар вазифаи иқтисодчии дараҷаи 2-юми Дирексияи рушди минтақавӣ ва ҷалби сармояи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» оғоз намуда (2009) то вазифаи иқтисодчии дараҷаи 1-и ва иқтисодчии пешбари шуъбаи банақшагирии Идораи банақшагирӣ, таҳлили хавфҳо ва ҳисоботи иқтисодӣ, сардори шуъбаи мониторинг ва ояндабинии хавфҳо идораи БЭК-офис кор кардаст. Аз августи соли 2012 ба вазифаи муовини сардори Идораи банақшагирӣ ва таҳлили хавфҳо дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» гузашта ва моҳи январи соли 2015 дар вазифаи сардори Идораи мазкур, аз Соли 2015 ба вазифаи директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Ваҳдат (2015—2017), соли 2017 ба тариқи гузариш ба вазифаи сардори Идораи қарздиҳии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» кор кардааст.
Аз моҳи июли соли 2020 то ҳол дар вазифаи Раиси Раёсати ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» кору фаъолият дорад[2][3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://tnu.tj/DisserPhD/6D.KOA-004/GazievMN//resh_o_dopuske.pdf.
- ↑ Наблюдательный совет ЗАО "Бонки рушди Тоджикистон". brt.tj. 6 августи 2024 санҷида шуд.
- ↑ Банки. nbt.tj. 6 августи 2024 санҷида шуд.