Jump to content

Перл Бак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Перл Бак
Pearl Sydenstricker Buck
Перл Бак. Фото ок.1932
Перл Бак. Фото ок.1932
Ном ба ҳангоми таваллуд: Перл Комфорт Сайденстрикер
Тахаллусҳо: John Sedges
Таърихи таваллуд: 26 июн 1892(1892-06-26)[1][2][3][…]
Зодгоҳ: Хилсборо, штат Западная Виргиния
Таърихи даргузашт: 6 март 1973(1973-03-06)[2][3][4][…] (80 сол) ё 1973[5]
Маҳалли даргузашт: Денби, штат Вермонт
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: тарҷумон, румоннавис, зиндагиноманавис, фаъоли ҳуқуқи башар, филмноманавис, рӯзноманигор, нависандаи кӯдакон, нависанда, мубаллиғи мазҳабӣ, насрнавис
Солҳои эҷод: 1930-1969
Жанр: роман, биография
Забони осор: инглисӣ[2][7], Забони чинӣ[d] ва Standard Mandarin[d]
Аввалин қадам: Восточный ветер, западный ветер (1930)
Ҷоизаҳо: Пулитцеровская премия 1932 года, Нобелевская премия по литературе 1938 года
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Перл Бак, дар тифлӣ Сайденстрикер (англ. Pearl Sydenstricker Buck; номи хитойӣ 赛珍珠, Sài Zhēnzhū; 26 июни 18926 марти 1973) — нависандаи амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1938). Духтари мубаллиғи дин дар Хитой.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наврасӣ ва ҷавониашро дар Хитой гузарондааст. Солҳои 1925–30 дар донишгоҳҳои Хитой аз таърихи адабиёти англисӣ дарс гуфтааст.

Романи нахустинаш «Боди шарқӣ, боди ғарбӣ» (1929)-ст. Донишу маърифаташ дар соҳаи адабиёт ва фолклори классикии Хитой имкон доданд, ки дар романи сегонаи «Хонаи замин»: («Замин», 1931, Мукофоти Пулитсер, 1936; «Фарзандон», 1932, «Хонаи таракашуда», 1935) ғояи адаму эҳёи табиатро ифода намояд. Мунаққидон романи «Замин»-ро «қиссаи зиндагии инсон» номидаанд. Тарҷумаи ҳоли падару модарашро дар асарҳои «Бадарға» (1936) ва «Фариштаи мубориз» (1936) нақл кардааст. Баъди муҳоҷират ба ИМА эҷоди асарҳоро дар бораи Хитой идома дод («Фарзандон»,1932, «Модар»,1934). Дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ очерку рисолаҳои зиддифашистӣ, аз ҷумла, оид ба дӯстии Амрикову Шӯравӣ («Гуфтугӯ дар бораи Россия»,1945) навиштааст. Романҳои иҷтимоӣ-маишӣ ва «оилавӣ»-и Б. аз ҳаёти амрикоиён дар солҳои 50 садаи XX бо тахаллуси «И. Седҷ» ба табъ расидаанд. Дар романи «Ба субҳ амр бикунед» (1959) олимони амрикоие муаррифӣ шудаанд, ки маҷбуран силоҳи ҳастаӣ сохта, ин амали худро ба таври гуногун арзёбӣ менамоянд.

Дар рисолаҳои таърихӣ-публитсистии «Халқи Ҷопон» (1968), «Хитой аз назари ман» (1970), «Хитой дар гузаш-та ва имрӯз» (1972) «Шарқу Ғарб» (1975) масоили зиндагии мардуми ватани хеш ва ҳамсояҳо, баробарҳуқуқии зангиҳо, барҳам додани мустамликадориро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Бо Мукофоти нобелӣ сарфароз гардонида шудааст (1938).

  • Эйшискина Н. Мирный ли атом? // ж. Иностранная литература. №6,1960.