Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Подабон Зоиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Подабон Зоиров
Подабон Тошматович Зоиров
Таърихи таваллуд 1941(1941)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 4 марти 2022(2022-03-04)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Академияи илмҳои ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо Ордени Шараф, Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2000)

Подабон Зоиров — доктори илмҳои тиб (1983), профессор (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Подабон Зоиров, соли 1941 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. [2] Подабон Зоиров Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1965), ихтисос – «бемориҳои пӯст». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: дерматовенерология, эпидемиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва бемориҳои венерикӣ. Ассистент (1970-1978), ходими хурди илмӣ (1979-1980), мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикӣ (1983 – то даргузашт), ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино оид ба кори илмӣ (1996-2005). Профессори кафедра (аз с. 2005)

  • Бо ордени «Шараф» дараҷаи II тақдир шудааст.
  • Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984).
  • Дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2000).[3]
  1. ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. ↑ https://asiaplus.news/tg/2022/03/04/darguzashti-asosguzori-maktabi-p%d3%afstshinosii-to%d2%b7ikiston-akademik-podabon-zoirov/
  3. ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.