Jump to content

Раисҷумҳури Эрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Президенти Эрон)
Раисҷумҳури Эрон

Ишғоли вазифа
Масъуд Пизишкиён
Иқомати расмӣ Sa'dabad Palace[d]
Пайдошавии вазифа 4 феврал 1980
Сайт president.ir(форсӣ)
president.ir/ar(ар.)
president.ir/en(англ.)

Раисҷумҳури Эрон (форсӣ: رئیس‌جمهور ایران‎) — вазифаи давлатӣ дар Эрон аст, ки пас аз ба ҷумҳурӣ табдил ёфтани Эрон пас аз сарнагунии салтанати подшоҳӣ, соли 1979 дар ин кишвар ҷорӣ шудааст. Баръакси аксари кишварҳо, президент дар ин ҷо сарвари давлат нест. Сардори давлати Эрон Пешвои муаззами Эрон аст, ки якумра ба ин вазифа интихоб шудааст. Президенти Эрон вазифаҳои классикии намояндагиро (масалан, гирифтани эътимодномаи сафирон), инчунин вазифаҳои сарвазирро (пас аз бекор кардани ин мансаб) иҷро мекунад. Президенти Эрон барои 4 сол интихоб мешавад ва наметавонад дар тӯли зиёда аз ду муҳлат соҳиби мансаби президент дошта бошад.

Феҳристи раисиҷумҳурҳои Эрон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Раисҷумҳур Таърихи оғози масъулият Таърихи анҷоми масъулият
1 Сайид Абулҳасан Банисадр 25 январи 1980 21 июни 1981
аз вазифа сабукдӯш шуд
2 Муҳаммад Алӣ Раҷоӣӣ 2 августи 1981 30 августи 1981
кушта шуд
3 Сайид Алӣ Хоманаӣ 2 октябри 1981 2 августи 1989
4 Ҳошимии Рафсанҷонӣ 3 августи 1989 2 августи 1997
5 Муҳаммад Ҳотамӣ 3 августи 1997 2 августи 2005
6 Маҳмуд Аҳмадинижод 3 августи 2005 3 августи 2013
7 Ҳасан Рӯҳонӣ 3 августи 2013 3 августи 2021
8 Иброҳим Раисӣ 3 августи 2021 То кунун

{{}}