Jump to content

Рамазон Назриев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рамазон Назариев
Рамазон Зибуҷинович Назариев
Таърихи таваллуд 19 декабр 1958(1958-12-19) (65 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯшон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013) дорандаи ордени “Петри Бузург»-и Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия (2014)

Рамазон Назариев (тав. 19.12.1958, ноҳияи Рӯшон), омӯзгор, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2002), доктори илмҳои фалсафа (2011), дотсент (2006), профессор (2013).Узви пайвастаи Академияи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия (2014), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013), дорандаи ордени “Петри Бузург»-и Академияи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия (2014).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рамазон Назариев солҳои 1979–1985 дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1983–1984 тарҷумони забони арабӣ дар Либиё, 1985–1989 тарҷумони забони арабӣ дар Яман, 1989–1991 муаллими забону адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №1 ноҳияи Вахш, 1991–1992 ҷонишини директори ПТУ-5 шаҳри Душанбе, 1992–1993 ассистенти кафедраи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1994–1995 тарҷумони забони арабӣ дар Сурия, 1995–1996 тарҷумони забони арабӣ дар Яман, 1995–1999 аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1994– 1998 ба ҳайси ассистент, 1998–2002 муаллими калони кафедраи фалсафаи донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Аз соли 2002 то 20214 ба ҳайси дотсент, аз соли 2014 то 2023 профессори кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва аз соли 2023 то имрӯз ба ҳайси роҳбари Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиност ва ҳуқуқии ба номи А. Баҳоваддинов, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Соли 2004 дар Конгресси умумиҷаҳонии тадқиқотии Осиё ва Африқо дар шаҳри Москва, соли 2014 дар Конгресси умумиҷаҳонии файласуфон дар Афина, Юнон, соли 2024 дар Конгресси умумиҷаҳонии файласуфон дар Рим, Италия иштирок ва маърӯза кард. Солҳои 2006–2007 ва 2013-2014 дар донишгоҳҳои Канзас ва Ҷорҷ Вашингтони ИМА аз курсҳои такмили ихтисос гузаштааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1996-1999 Рамазон Назариев дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намуда, соли 2000 рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Таъвили масоили фалсафӣ ва теологии исмоилия» дифоъ мекунад.

Бо ташаббус ва ҳамкории бевостаи ӯ бо олимону муҳаққиқони кишвар осори Носири Хусрав – “Зод-ул-мусофирин» (ба забонҳои русӣ дар тарҷумаи М.Диноршоев ва тоҷикӣ), “Девони ашъор» дар ду ҷилд, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», “Хон-ул-ихвон», “Кушоиш ва раҳоиш», китоби “Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, маҷмуи мақолаҳои олимону муҳаққиқоне, ки дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба ҳазорсолаи Носири Хусрав дар ш. Душанбе ироа шуда буданд, ба табъ расониданд. Соли 2007 тавассути Барномаи JFDP (Junior Fellowship Development Program) дар донишгоҳи Канзаси ИМА аз курси такмили забони англисӣ гузашта, ба Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ИМА барои таҳқиқоти илмӣ фиристода мешавад. Дар яке аз маҷмуаҳои илмии Донишгоҳи мазкур ду тезиси мақолааш – “Ғояи Худо аз нигоҳи Носири Хусрав ва Декарт (таҳлили муқоисавӣ) ва “Назаре ба вижагиҳои фарҳанги Амрико»-ро ба табъ мерасонад. Бо гранти “Ҷомеаи кушод»-и Институти Сорос китобҳои Э.Полетаев “Рӯзноманигории байналхалқӣ» (1997) ва К.Поппер “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рақибони он» (2021)- ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар конгресси умумиҷаҳонии шарқшиносон (ICANAS) дар соли 2004, дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба 125-солагии В.А. Иванов дар Санкт Петербург (2011), Конгресси умумиҷаҳонии файласуфон дар ш. Афинаи Юнон (2013) бо маърузаҳои илмӣ баромад кардааст.

Соли 2011 рисолаи докториашро таҳти унвони “Фалсафаи иҷтимоии “Ихвон-ас-сафо» ва Носири Хусрав (таҳлили муқоисавӣ)» дар Академияи илмҳои ҶТ бомуваффақият дифоъ мекунад. Дар тарҷумаи осори Абу Алӣ Сино бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, фаслҳои алоҳидаи “Ал-бурҳон», мантиқи “Аш-шифо», “Ат-табииёт» ва “Ас-самоъ-ут-табии»-ро аз арабӣ ба русӣ тарҷума кардааст.

Таҳти роҳбарии профессор Назариев Р.З. 11 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, боз ду рисолаи номзадӣ ва ду рисолаи доктории шогирдонаш барои дифоъ омодаанд. Мавсуф узви Шурои дифои рисолаҳои илмии соҳаи фалсафа дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои дифои рисолаҳои илмии соҳаи фалсафа дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Назариев Р.З. дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ мақолаҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии зиёд таҳия намудааст. Ӯ муаллифи 3 монография, 4 таҳқиқоти илмӣ-методӣ, 4 асарҳои тарҷумонӣ ва бештар аз 80 мақолаи илмӣ мебошад.

Асарҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аллегорическая интерпретация философских и теологических проблем в исмаилизме, Д., 2008;
  • Социальные идеи «Ихван-ас-сафа» Насира Хусрава (сопоставительный анализ), Д., 2010;
  • Таърих ва фалсафаи илм (бо ҳаммуаллиф). Д., 2011;
  • Фалсафаи илм, Д., 2014,
  • Вожаномаи фалсафа ва методологияи илм (бо ҳаммуаллифон). Д., 2015;
  • Фалсафаи илм (бо ҳаммуаллиф). Д., 2015;
  • Фалсафа ва методологияи илм (бо ҳаммуаллифон). Д., 2016;
  • Фалсафа дар нақшаҳо (бо ҳаммуаллифон). Д., 2021;

Мақолаҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Методологические принципи структурализации учения исмаилизма // Вестник Московского государственного университета культури и искусств, 2009, № 2; Проблеми воли и свободи в воззрениях «Ихван-ус-сафа» // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Д., 2009, № 3 (51);
  • Некоторие аспекти морально-этических норм и принципов в воззрениях Насира Хусрава // Вестник Московского государственного университета культури и искусств, 2009, № 4.
  • Шаккокӣ бар шаккокии шаккокон // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, № 2, 1998. С. 17-27;
  • К вопросу об иерархии бытия в учении Хамид ад-Дина Кирмани // Паёми Донишгоҳ, № 4, 1998. С. 41-51;
  • О некоторых аспектах проблемы времени в исмаилизме // Паёми Донишгоҳ, № 4, 1999. С. 36-41;
  • Эсхатологические принципы в учениях исмаилитских авторов // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия: отделение общественных наук. № 2, 2001. С. 68-79;
  • Масъалаи давлат дар рисолаҳои “Ихвонус-сафо» // Паёми Донишгоҳ, № 2, 2000. С. 22-29;
  • К проблеме разума в учении суфизма // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия: отделение общественных наук. № 4, 2001. С. 16-25; Свобода воли во взглядах «Ихван ас-сафа» // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия: отделение общественных наук. № 2, 2001. С. 68-79;
  • Методика преподавания по религиоведению (на примере текстов Мусы ан-Наубахти и М. Вебера) // Паёми Донишгоҳ, № 5, 2002. С. 17-29;
  • Дар бораи масъалаи инсондӯстӣ дар динҳои ҷаҳонӣ (таҳлили муқоисавӣ) // Паёми Донишгоҳ, № 5, 2002. С. 17-29;
  • Герменевтика и ее особенности в толковании текстов // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия: отделение общественных наук. № 2, 2003. С. 67-74;
  • Дар боби онтологияи Абу Яъқуби Сиҷистонӣ // Паёми Донишгоҳ, № 3, 2004. С. 11-22;
  • Классификация наук в учении «Ихван ас-сафа» // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, № 3, 2005. С. 32-41;
  • Дин ва дунё дар андешаҳои Носири Хусрав // Сборник научных докладов «Носири Хусрав: дируз, имруз, фардо». Душанбе, 2005. С. 44-52;
  • «Ихван ас-сафа»: общество, его возникновение и развитие // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия: отделение общественных наук. 2006. № 4. С. 96-107;
  • The Ethical Rights and Principles of Nasir Khusraw // Advancing theory and practice: abstracts prepared by 2006-2007 visiting scholars. 2007, Washington, D.C.;
  • The idea of God in the thought of Nasir Khusraw and Rene Descartes // Advancing theory and practice: abstracts prepared by 2006-2007 visiting scholars. 2007, Washington, D.C.;
  • К вопросу об особенностях этики в учении Насира Хусрава // Паёми Донишгохи омузгори. № 1, 2008. С. 3-15;
  • Ихван ас-сафа» о некоторых аспектах вопросов о праве, власти и политике // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б.Гафурова. Серия: гуманитарные науки. 2011. №1 (25), с. 182-193;
  • Философские аспекты оборонительного боя и области проявления оборонного сознания // Паёми Донишгоҳ. № 1 (44), 2012. С. 74-82;
  • Концепция микро и макрокосма во взглядах Николая Бердяева и Насира Хусрава (сравнительный анализ) // Ишрак, № 4., Москва, 2013. С. 120-134; «Разрешение и спасение» как философское наследие Насира Хусрава // Насир Хусрав. Разрешение и спасение, Душанбе, 2016. С. 5- 15;
  • «Ҷомеаи кушода ва рақибони он» ҳамчун асари фалсафии Карл Поппер // К. Поппер. Ҷомеаи кушода ва рақибони он. Ҷ. 1. Душанбе, 2020. С. 3-14;
  • Ибн Сина и его философия естественных наук //Ахбори ИФСҲ АМИ ҶТ, № 4, 2020.