Jump to content

Расул Ҳодизода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Расул Ҳодизода
Расулҳон Ҳодизода
Таърихи таваллуд 6 март 1928(1928-03-06)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 4 апрел 2010(2010-04-04) (82 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Ӯзбакистон
Ҷоизаҳо ордени “Шараф” (1999), медалҳои “Барои меҳнати шоён, Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин”, “Ветерани меҳнат” (1985), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991)

Расул Ҳодизода (6 марти 1928 — 4 апрели 2010) — адабиётшинос, мунаққид, нависанда, тарҷумон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954). Доктори илми филология (1970), профессор (1984), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд (1940), Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1944), факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ӯзбакистонро (1950) хатм кардааст. Гӯянда, муҳаррири шуъбаи тоҷикии Радио (1945—1950), мудири шуъбаи адабиёт ва маданияти рӯзномаи тоҷикии «Ӯзбекистони Сурх» (1950—1954), (минбаъд- «Ҳақиқати Ӯзбекистон», ҳоло — «Овози тоҷик»), аспиранти филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС (1950—1953). Рисолаи номзадироро дар мавзӯъи «Маъхазҳои омӯзиши адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX» дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1954) ва рисолаи докториро дар мавзӯъи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарвари тоҷик» дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон дифоъ кардааст (1967). Ходими калони илмии[1] АИ ҶШС Тоҷикистон (1954—1960), мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон (1960—1993), Аз соли 1993 — корманди пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. Расул Ҳодизода 4 апрели соли 2010 дар Душанбе даргузаштааст.[2]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи асарҳои:

  • «Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX» (1954),
  • «Сарчашмаҳои таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX» (1956, ба заб. русӣ),
  • рисолаҳои «Шоҳин» (1974),
  • «Аҳмади Дониш» (1976),
  • «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX» (1968),
  • як қисмати «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1966),
  • чанд боби «Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV» (қисмҳои 1-2, 1976—1983),
  • Муҳарири «Очеркҳои таърихи адабиёт» (иборат аз 10 китоб),
  • муаллифи сарсухану тавзеҳоти «Асарҳои мунтахаб»-и Аҳмади Дониш (1959),
  • "Ҳикоятҳои халқӣ дар «Маснавӣ»-и Ҷ. Румӣ (1963),
  • «Дафтари дилкушо»-и Соиб (1965),
  • «Калила ва Димна» (1966),
  • «Девон»-и Анварӣ,
  • «Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ» (1984, ба заб. русӣ),
  • маҷмӯаи ҳикояҳои таърихии «Танбӯри Дилкаш» (1966),
  • повестҳои «Сапедадам» (1970),
  • «Парвози Шоҳин» (1980),
  • намоишномаҳои «Бахт дар чист?» (1978),
  • «Маздак» (1980),
  • романи «Ситорае дар тирашаб» (1983),
  • достони «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ» (2002),
  • «Самарқанднома» (2004),
  • «Худоё, худро бишносам» (2005),
  • Луғати «Самарқандиҳо чӣ мегӯянд» (Машҳад, 2007),
  • «Ахлоқ ва ҷомеа» (Д., «Ирфон», 2008),
  • «Ҳафт гуфтор дар бораи Қуръон» (Хуҷанд, 2009),
  • «Хотираҳои шикорчӣ» ва чанд асари дигари И. С. Тургенев, инчунин осори Н. В. Гогол ва В. Гюгоро ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Дар тарҷумаи асарҳои марксизм-ленинизм ба забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1991)
  • ордени «Шараф» (1999),
  • медалҳои «Барои меҳнати шоён,
  • Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
  • «Ветерани меҳнат» (1985),
  • Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Белоруссия мукофотонида шудааст.

Бахшида ба 80-солагии Расул Ҳодизода Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Табрикномаи зеринро ирсол кардааст (мухтасар):

«Хушбахтист, ки Шумо аз ибтидои фаъолият бо дастгирии устод С.Айнӣ ба таҳқиқи адабиёт машғул шудаед. Фаъолияти Шумо ба рушди илми адабиётшиносии ҷавони тоҷик дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Институти шарқшиноси ва осори хаттии АИ Тоҷикистон сахт пайваст буд. Аҳли адаби тоҷик Шуморо ҳамчун олими пурмаҳсул, пухтакор ва ҳақиқатҷӯ мешиносад… Шумо дар таҷлили ҷашнҳои устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Айнӣ, Иқбол саҳм гузоштаед. Соле чанд раёсати Анҷумани Иқболро ба уҳда доштед ва барои тарғиби осори ин шоири оламшумул хидматҳои арзанда кардаед. Имрӯзҳо раиси Бунёди Рӯдакӣ мебошед, ки бахшида ба ҷашни 1150-солагии Падарсолори бузурги назми тоҷику форс корҳои шоистаеро ба анҷом расондаед…»

Рӯзномаи «Миллат» соли 2013 Расул Ҳодизодаро ба феҳристи фахрии «100 шахсияти машҳури тоҷик» дохил намудааст.[3]

  • Аслҳо ва наслҳо. Душанбе, 2013, с. 145—146