Jump to content

Рашит Абдурашитов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рашит Абдурашитов
Таърихи таваллуд 1935(1935)
Зодгоҳ: Қурғонтеппа

Рашит Абдурашидов (1935, Қӯрғонтеппа — рассоми тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе (1958). Шогирди Г. А. Кузмин ва В. М. Боборикин. Фаъолияти рассомиаш аз соли 1960 оғоз гардида, асарҳои аввалинаш нисбатан содаву одӣ ва бештар ба тасвири манзара бахшида шудаанд («Манзараи баҳор», «Дар гулгашти Театри тобистона», «Рӯзи офтобӣ», ҳар се — 1960). Пас аз сафари эҷодӣ ба шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ мазмуни мусаввараҳои Абдурашитов бой ва рангин гашта, доираи тасвираш низ тавсеа меёбад. Минбаъд қаҳрамонони мусаввараҳои ӯ кӯҳканҳо, нефтчиён, пахтакорон, чӯпонон ва коргарони одӣ қарор мегиранд. Ҷустуҷӯи қаҳрамонон аз ҷӯшу хурӯши зиндагӣ ва тасвири боварибахши табиат ба мусаввараҳои рассом драматизми хос бахшида, боиси воқеиву табиӣ баромадани асарҳояш гардидаанд. Дар мусаввараҳои «Мастчоҳиён» (1969, аз силсилаи «Фотеҳони замини Дилварзин») рассом чаҳор нафар деҳотиро тасвир намудааст, ки кӯхсорро тарк карда, дар водӣ ба шуғли наву тарзи зиндагии нав пардохтаанд. Иттиҳоди мардум, иртиботи ботинӣ ва ягонагии рӯҳии онҳо зимни меҳнати якҷоя асоси мавзӯи мусаввараҳои «Фотеҳони замини навкорам» (1969), «Духтарон аз Панҷ» (1969), «Сӯҳбат» (1971) ва ғайра гардидаанд

Мусаввараҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рассом низоми зиндагиро дар меҳнат мебинад ва зимни фаъолияту зиндагии синфи коргар як силсила мусаввараҳои лирикиву таърихӣ ва маишӣ офаридааст: «Бетонрезон» (1970), «Бофандаҳо» (1972), «Эҷодкорон» (1972), «Тракторчӣ» (197), «Дар бригадаи Иванов. Алюминийи Регар» (1975) "Дар корхонаи рехтагарии «Тоҷикгидроагрегат» (1981), «Вахшстрой», «Дар оянда» (1984). Дар мусаввараҳои ба НБО-и Норак бахшидааш мардонагию матонат, қаҳрамонию фидокорӣ ва дӯстию бародарии мардуми советиро тасвир намудааст: «Шоми Норак» (1975), «Шахпаймои монтажчӣ» (1977), «Ҷавонон аз Тутқавул» (1978), «Шанбегӣ дар Норак» (1978), «Навои хайрбодӣ бо Норак» (1983) ва ғайра Ҷустуҷӯҳои эҷодии солҳои охири Абдурашитов, дарки файласуфонаи олам, эҳсоси шоиронаи зиндагӣ, ҷилваи тафаккур василаҳои ба вуҷуд омадани як силсила асарҳои мураккаби рангинмавзӯю гуногунсохт гардиданд: «Қалъаи Сурх», «Буддо» (1981), «Муколамасри Портрети Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Ҳошим Гадоев дар роли Гамлет», триптихи «Аз сурудҳои солҳои ҷанг» (1985) ва ғайра Абдурашитов дар давоми фаъолияти эҷодиаш (то соли 1986) бештар аз 150 асари рассомӣ ва зиёда аз 90 асари рассомии сиёҳқаламӣ офаридааст. Абдурашитов иштирокчии бисёр намоишҳои асарҳои рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи Советӣ ва хориҷа мебошад.

Дорандаи Мукофоти комсомоли ленинӣ (1972). Ба Руминия (1972), РДГ (1975, 1977), Афғонистон (1977), Непал (1979) ва Италия (1980) сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИР Тоҷикистон аз соли 1970.