Jump to content

Раъно Бобоҷониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Раъно Бобоҷонова)
Раъно Бобоҷониён
Рано Маҳмудзода Бобоҷониён
Таърихи таваллуд: 18 феврал 1971(1971-02-18) (53 сол)
Зодгоҳ: Хуҷанд , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000) ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Раъно Бобоҷониён (Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода; зод. 18 феврали 1971, Хуҷанд) — омӯзгор, рӯзноманигор ва ҳуқуқшинос, доктори илмҳои филология, дотсент. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рано Маҳмудзода Бобоҷониён 18 феврали соли 1971 дар ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатро хатм намудааст. Ихтисос: журналист, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои филологӣ.

  • Солҳои 1992—1993 Омўзгори забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи Таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и шаҳри Чкалов
  • * Солҳои 1993—1996 Аспиранти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд
  • * Солҳои 1996—1997 Мухбири телевизиони" Ҷаҳоноро", ш. Хуҷанд
  • * Солҳои 1997—1999 Муаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд
  • * 02-11 соли 1999 Ҳуқуқшиноси ширкати ТВ-и «СМ-1» ш. Хуҷанд
  • * Солҳои 1999—2003 Сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ш. Хуҷанд
  • * Солҳои 2003—2006 Докторанти кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДДМТ, ш. Душанбе
  • * Солҳои 2007—2009 Дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров
  • * Солҳои 2009—2010 Профессор, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаиДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров
  • * Солҳои 2010—2011 Роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд
  • * Солҳои 2011—2013 Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд
  • * Солҳои 2013—2014 Муовини раиси вилояти Суғд
  • * Аз декабри соли 2014 то 30 апрели соли 2020. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Риштаи таҳқиқоти Раъно Бобоҷониён инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар ВАО, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи журналист дар ҷомеа ташкил намуда, муаллифи бештар аз 40 асари илмӣ, илмиву оммавӣ ва публитсистӣ мебошад.