Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён
Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён
Санаи таваллуд:

18 феврал 1971(1971-02-18) (47 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Хистеварзи ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

телевизиони ғайридавлатии «Ҷаҳоноро», «ТВ-7», «СМ-1»-и ш. Хуҷанд, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён (д. Қистакӯзи (Хистеварз) ноҳияи Ғафуров) — журналист, хукукшинос, дотсент (2003), доктори илмҳои филологӣ (2006).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён шуъбаи журналистикаи ДДТ-ро (1992) ва факултаи хуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-ро хатм кардааст (2000). Омузгори мактаби миёнаи № 5 (1992-1993), аспиранти Факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (1993-1996), журналист дар телевизиони ғайридавлатии «Ҷаҳоноро», «ТВ-7», «СМ-1»-и ш. Хуҷанд (1993-2003), муаллим (1997-1999), сармуаллим (1999), дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарчумаи факултаи филологияи тоҷик ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, докторанти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003-2006). Риштаи таҳқиқоти Раъно Бобоҷониён инъикоси масъалахои гендерӣ дар ВАО, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи журналист дар ҷомеа мебошад. Муаллифи бештар аз 40 асари илмӣ, илмиву оммавӣ ва публитсистӣ аст. Иштироккунандаи конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ дар Алмаато, Маскав, Тифлис, Душанбе (1998-2006) мебошад. Солҳои 2011-2013 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини Раиси ҲХДТ интихоб гардид.[2]

Сарчашма[вироиш]

  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
  2. Сомонаи расмии ҲХДТ, Роҳбарият

Пайвандхои беруна[вироиш]