Рақс бо най

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рақс бо най, «найбозӣ» – як навъ рақси мазҳакаомез мебошад, ки онро ҳам мардон ва ҳам занон иҷро мекунанд.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақс бо най ё найбозӣ рақси яккаи мардонаи халқӣ мебошад. Найбозӣ дар водиҳои Бадахшон ва Кӯлоб паҳн гардидааст. Рақс аз ду қисм иборат аст: қисми суст ва қисми нисбатан шӯх. Дар Бадахшон ин рақсро марди найнавоз иҷро мекунад. Дар аввал найнавоз бо ду дасташ най навохта ба майдон мебарояд. Ӯ таҳти оҳанги рақсӣ бозида, пои ростро пеш гузошта, пои чапро қат карда, дар ҳолати нимнишаста най менавозад. Сипас ӯ пайкарашро гоҳ хам карда, гоҳ ба рост, гоҳ ба чап мегардонад, ба пеш ва тарафи росту чап қадам зада, ҳаракат мекунад. Дар як ҷо истода ба тарафи рост ва тарафи чап чарх мезанад. Оҳанги нафиси най, ки бо зарбу усули се-чор нафар дафнавозон ҳамоҳанг аст, бо ҳаракатҳои хиромони пойҳо ва гардишҳои мавзун ба рақс хусусияти лирикӣ медиҳанд. Дар қисми дуюми рақс найнавоз суръати мусиқиро меафзояд, дафнавозон дафро баландтар ва шӯхтар менавозанд. Найнавоз дар як ҷо истода, ба тарафи рост 3-4 маротиба чарх мезанад ва хам шуда, найро ба дасти рост мегирад ва боз 3-4 чархро ба тарафи чап иҷро мекунад. Дастҳоро ба ду тараф кушода, гирди майдон рақс карда, гирд мегардад, дар охир омада, дар маркази майдон ё саҳна боз чарх мезанад. Баъзан рақси найбозиро дунафара, зану мард ҳам иҷро мекунанд. Дар қисми якуми рақс найнавоз баромада най менавозад ва мувофиқи зарбҳои даф ҳаракати пойро ҳамоҳанг мекунад. Оҳанги мусиқии қисми аввал нарму бешитоб ва форам мебошад. Дар навозиши най шукуфтани гулҳо дар баҳори кӯҳистон ва сурудхонии булбул тасвир мешавад. Ӯ оҳиста гирди саҳна ё майдон давр мегардад, дар мобайн нимнишаста, най навохта, ба ду тараф рӯй мегардонад, сипас бархоста, чарх мезанад. Дар қисми дувуми навозиш дафҳо тезтар ва баландар садо медиҳанд. Раққосае ба саҳна баромада бо найнавоз дунафара мерақсанд. Онҳо китф ба китф, дастҳоро кушода, ҷойҳоро иваз мекунанд. Дар як ҷо рӯ ба рӯ истода ба тарафи рост ва тарафи чап чарх мезананд, дар вақти чархзанӣ ба як дигар нигоҳ мекунанд. Дар ин вақт мутрибон дафҳоро боз ҳам тундтар менавозанд. Дар назди найнавоз зан дастҳоро кушода чарх мезанад, найнавоз низ найро ба дасти рост гирифта, дастҳоро кушода чарх мезанад. Онҳо пушт ба пушт наздик шуда, якҷоя мерақсанд ва боз чарх мезананд. Раққоса пеши найнавоз рақсида, дастҳоро дар баробари китфҳо бардошта, дасти ростро ба тарафи рост ва дасти чапро ба тарафи чап мекушояд. Ин амалҳои рақсӣ чанд бор такрор мешаванд. [1]

Дар Кӯлоб ин рақс хусусияти худашро дорад. Раққос худаш бо най наменавозад, найро ҳамчун ашёи рақс (бутафория) истифода мекунад ва фақат ба найнавоз тақлид мекунад. Найро найнавози ансамбли созҳои миллӣ иҷро мекунад, ё сабти овози найро тавассути баландгӯяк садо медиҳанд. Ин рақсро дар солҳои 80-уми асри ХХ ва аввали аcри ХХI раққосони дастаҳои ҳаваскорӣ дар фестивалҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти бадеии халқ «Бустон» ва «Андалеб» иҷро мекарданд. Дар асри ХХI бо паҳн гардидани воситаҳои овозӣ-техникӣ, аудио ва видео ба қатори дигар оҳангҳои мусиқӣ оҳанги «найбозӣ» барои ҳама дастрас шуд. Дар барномаҳои консертии ҳаваскорон, раққосони машҳур, дастаҳои санъати рақси касбӣ он ҳамчун рақси яккаи мардона ва занона, рақси дунафара, рақси гуруҳӣ ҷои худро ишғол кард.[2]

Маҳалли густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 42 - 43. – 280 с.
  2. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 42 - 43. – 280 с.