Jump to content

Рақс бо кӯза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рақс бо кӯза – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, , ки онро занон таҳти зарби доира иҷро мекунанд.

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақс бо кӯзаро дар Бадахшон мардон, дар Рашт, Тавилдара, Кӯлоб ва вилояти Суғд занон таҳти зарби доира иҷро мекунанд. Рақс бо кӯза дар шаклҳои якнафара, дунафара ва гурӯҳӣ рақсида мешавад. Дар Бадахшон ин рақсро таҳти оҳанги «Раҳпо» иҷро мекунанд. Дар Кӯлоб ва водии Рашт рақси мазкур зери садои созҳои мусиқӣ ва сурудхонӣ иҷро мегардад. Дар варианти суғдӣ раққосаҳо бо кӯза таҳти навозиши доира мерақсанд. Раққосае кӯзаро дар китфаш гузошта, оҳиста-оҳиста рақсро оғоз мекунад. Ӯ кӯзаро гоҳ дар ин ва гоҳ дар он китфаш гузошта ба сари чашма барои гирифтани об меравад. Духтар дар назди чашмаи об кӯзаро гузошта, худро орову торо дода, дасту рӯяшро шуста, мӯйҳояшро ҳамвор мекунад. Дар назди чашма бо дугонаҳояш ва ё бо ҷавони дӯстдоштааш рақскунон мулоқот мекунад. Дар охир ба кӯза об гирифта, рақскунон ба хона бармегардад. Рақс бо кӯзаро дар Бадахшон мардон иҷро менамуданд. Раққос дар кӯза чанд дона чормағз андохта, онро алвоҷ дода, ҳаракатҳои гуногуни рақсиро иҷро мекард. Чормағзҳои даруни кӯза дар вақти рақс садо медоданд. Баъзе раққосон бо кӯзаи холӣ мерақсиданд ва онро ба боло партофта, банди дастҳоро тоб дода, боз кӯзаро ба даст мегирифтанд. Ин рақс унсурҳои жонглёриро дошт. Раққос кӯзаро гоҳ дар ин ва гоҳ дар он китфаш мегузошт. Ӯ баъзан кӯзаро дар рӯбарӯяш бо ду дасташ дошта, ба ин тарафу он тараф чарх мерафт, гоҳ менишаст ва мехест. Дар ин рақси мардона суруд, рақс, пантомима ва унсурҳои жонглёрӣ ба ҳам пайваст шудаанд. Дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Кӯлоб рақс бо кӯзаро занон иҷро мекунанд. Ҳаракатҳои банди даст, чархзанӣ ва ҳаракатҳои дигар қомату зебоӣ, чолокии иҷрокунандаро тасвир менамоянд. Дар асри ХХ ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ-театрии «Лола» шакли коллективии «Рақс бо кӯза»-ро дар иҷрои гурӯҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантомимӣ офарида шудааст. Дар замони муосир ин рақс бо номҳои «Кӯзабозӣ», «Рақс бо кӯза», «Вохӯрӣ» ва ғайра тавассути дастаҳои ҳаваскорӣ ба саҳна гузошта мешаванд.[1]

Маҳалли густариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Рӯшон, Ноҳияи Шуғнон, Ноҳияи Тавилдара, Ноҳияи Сангвор, Кӯлоб, Водии Рашт.

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 36. – 280 с.