Раҳим Мусулмониён
Раҳим Мусулмонқулов | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 27 январ 1936 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Қубодиён |
Таърихи даргузашт: | 3 июл 2016 (80 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Фазои илмӣ: | филология |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ (Раҳим Мусулмонқулов) — мунаққид, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ 27 январи соли 1936 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи ба номи «Рӯдакӣ» дар Қубодиён, барои идомаи таҳсил озими шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Таҳсилоти олиро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифтааст (1957-1962). Фаъолияти кории худро аз соли 1962 ба ҳайси ассистенти кафедраи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ёвари устод Абдулғанӣ Мирзоев оғоз кардааст.
Дар соли 1967 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри форсӣ-тоҷикӣ» таҳти раҳбарии устод Соҳиб Табаров, ва дар соли 1980 рисолаи докториро дар мавзӯи “Атоуллоҳ Маҳмуд Ҳусейни Нишопурӣ ва масъалаҳои шеършиносии классикии форсу тоҷик дар садаҳои X-XV” таҳти раҳбарии устод Александр Николаевич Болдырев дифоъ кардааст.
Аз соли 1980 ба ҳайси раиси кафедраи Адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият карда, тайи дувоздаҳ сол раёсати ин кафедраро ба уҳда дошт. Пас аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1992 маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд ва аз соли 1993 то соли 2008 дар Эрон басар бурд. Ҳосили фаъолият дар Эрон 13 китоб ва беш аз 700 мақолаҳои аст. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ 03.07.2016 дар асари бемории Алтсгеймер ин дунёи фониро тарк кард, дар гӯристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шудааст.
Таълифоти асосии Р.М.Қубодиёнӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Дӯстии бузург. (Ҷомӣ ва Навоӣ). - Душанбе, 1968; 16 саҳ.
- Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик. - Душанбе: Ирфон, 1970; 220 саҳ.
- Боқӣ Раҳимзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёт (ҳамроҳ бо Х.Асоев). - Душанбе, 1970.
- Талаби замон ва робитаҳои адабӣ. - Душанбе: Ҷамъияти “Дониш”, 1973.
- Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ. Бо муқаддима, тавзеҳот ва таҳрири Р.Мусулмонқулов. - Душанбе: Ирфон, 1974; 224 саҳ.
- Дар васфи Ленинград. - Душанбе: Ҷамъияти Дониш, 1974.
- Ленинград ва Тоҷикистон. (ҳамроҳ бо Х.Асоев) -- Душанбе: Ҷамъияти Дониш, 1974.
- Камалиддин Хусайн Ваиз Кашифи. Бадоеъ-ул-афкар фи санаеъ-ул-ашъар. Изд. текста, предисловие и указатель Р.Мусульманкулова. – М., Наука, 1977; с. 11+222; 4000 экз.
- Асрори сухан. - Душанбе: Ирфон, 1980; 152 саҳ.
- Атаулла Махмуди Хусайни. – Душанбе: Дониш, 1983; 196 с.
- Фуруғи шеъри ҷонпарвар. Маҷмӯаи мақолаҳо. - Душанбе: Ирфон, 1984; 224 саҳ.
- Анъана ва навоварӣ. - Душанбе: ДДТ, 1985; 116 саҳ.
- Дарахти дӯстӣ биншон... (Маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе: Адиб, 1987; 240 саҳ.
- Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ. – Душанбе: Маориф, 1987; 87 саҳ.
- Персидско-таджикская классическая поэтика X-XV вв. – М.: Наука, 1989; 240 с.; 2500 экз. (русӣ).
- Назарияи адабиёт. Китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо. – Душанбе: Маориф, 1990; 336 саҳ.
- Дар боғи Фирдавсӣ. – Дар маҷмӯаи: “Эъҷози ҳунар”, – Душанбе: Адиб, 1992; с. 141-291.
- Тоҷикистон: Озодӣ ё марг! – Теҳрон: Нашри фарҳанги исломӣ, 1373 (1994), 100 саҳ.
- Забону адаби форсӣ дар Фароруд. – Теҳрон: Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ, 1376 (1997), 220 саҳ.
- Шеър дар сарчашмаҳои назарӣ. – Теҳрон: Ҳавзаи ҳунарӣ, 1377 (1998) 256 саҳ.
- Устодон ва ҳамдарсон. Ба шодии панҷоҳумин соли бунёди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ёддоштҳои Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ). – Теҳрон: Ҳафт осмон, 1378 (1999), 14+129 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ ва форсӣ).
- Саду як андеша. – Теҳрон, 1999, 87 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ).
- Андешаҳо. – Душанбе: Адиб, 2000, 68 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ).
- Саду як андеша. (Дафтари дувум). – Теҳрон, 1380 (2000), 142 саҳ.
- Саду як андеша. (Дафтари севум). – Теҳрон: Нашри рӯзгор, 1380 (2000), 74+102 саҳ. (ба сирилии тоҷикӣ ва форсӣ).
- Аз Қубодиён то Кирмоншоҳон. Пайванди тоза бо реша. – Теҳрон: Дабирхонаи шӯрои густариши забону адаби форсӣ, 1380 (2001), 195 саҳ.
- Достони Ҷонак. – Теҳрон, 1381 (2002), 27 саҳ.
- Чаҳор сухан аз Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ. – Теҳрон: Ал Ҳудо, 13823 (2003), 38 саҳ.
- Ситораҳои Помир. Ошноӣ бо тане чанд аз адибони муосири тоҷик. – Теҳрон: Ал Ҳудо, 1383 (2004), 200 саҳ.
- Порсии дарӣ. – Теҳрон: Амир Кабир, 1383 (2004), 245 саҳ.
- Тоҷикон дар таърих. – Теҳрон: Насими Бухоро, 1383 (2004), 104 саҳ. (ба хатти форсӣ)
- Посух ва ҳазораи дувум, дуруд ба ҳазораи севум. (Феҳристи навиштаҳои Р.М.Қубодиёнӣ); чопи дувум, – Теҳрон, Нашри Балх, 1384 (2005), 130 саҳ.
- “Тоҷикон 2500 сол...”. – Душанбе: Адиб, 2005; 83 саҳ.(ба сирилии тоҷикӣ)[1].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.300 - 301 ISBN 978-99947-2-379-9
- Зодагони 27 январ
- Зодагони соли 1936
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Қубодиён
- Даргузаштагони 3 июл
- Даргузаштагони соли 2016
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон