Раҳматшо Маҳмадшоев
Раҳматшо Маҳмадшоев | |
Таърихи таваллуд | 20 январ 1950 (74 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009) |
Раҳматшо Маҳмадшоев – олим, муаррих, доктори илми таърих, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳматшо Маҳмадшоев 20 январи 1950, дар ш. Данғара, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1, соли 1967 ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, баъди хатми он дар соли 1972, тибқи тақсимоти давлатӣ ба ҳайси лаборанти калони Шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи АФ Тоҷикистон пазируфта шуда, то соли 1974 ифои вазифа намудааст. Соли 1974 ба аспирантураи Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон шомил шуда, баъдан, соли 1978 ба Афғонистон сафарбар шуда, то соли 1982 ба ҳайси сартарҷумони Гурӯҳи геологҳои Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст. Баъди бозгашт, солҳои 1982-1990 ба сифати корманди илмии Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Соли 1989 дар Институти ховаршиносии Академияи Илмҳои Россия дар ш. Маскав рисолаи номзадии худро зери унвони “Тоҷикони Афғонистон дар замони нав” дифоъ кардааст. Солҳои 1990-1998 ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, солҳои 1998-2006 сардори Шуъбаи таълими Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2010 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба илм ва равобити беруна кор кардааст. Соли 2010 шомили докторантураи Институти ховаршиносии Академияи Илмҳои Федератсияи Россия шуда, соли 2011 дар шаҳри Маскав рисолаи доктории худ “Равандҳои этнополитикӣ ва иҷтимоӣ- фарҳангии тоҷикони Афғонистон дар нимаи дуввуми асри XVIII аввали асри XX”-ро дифоъ намудааст. Баъди бозгашт, солҳои 2011-2012 вазифаи дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро иҷро намуда, соли 2012, тибқи озмун мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 2012 ба Афғонистон сафарбар шуда, то соли 2015 ба ҳайси мушовири вазорати иттилоот ва фарҳанг ва вазорати маъдан ва петролеуми Ҷумҳурии исломии Афғонистон ифои вазифа кардааст. Баъди бозгашт, аз моҳи сентябри соли 2015 то ба имрӯз ба ҳайси профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонкор карда, ҳамзамон муовини раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳматшо Маҳмадшоев зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таджики Афганистана в новое время.Очерки истории, хозяйства и материальной культуры. - Душанбе:Дониш, 2001. - 184 c.
- История этнополитического развития таджиков Хорасана (Афганистан). - Душанбе:Ирфон, 2009. - 212 c.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008. - 132 с;
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 20 январ
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон