Раҳмоналӣ Шарифов
Раҳмоналӣ Ятимович Шарифов | |
| |
Таърихи таваллуд | 18 апрел 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Саксанохур, ноҳияи Фархор, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон→ Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, бостоншиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | ДДТ ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2016). |
Раҳмоналӣ Ятимович Шарифов — олим, бостоншинос ва таърихшиноси тоҷик, доктори илмҳои таърих (2018), профессор. «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2016).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳмоналӣ Шарифов 18 апрели соли 1960 дар деҳаи Саксанохур (ҳоло Куҳандиёр) – и ноҳияи Фархор Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон таввалуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи № 17 (ҳоло ба номи Ё.Бегов) ва факултаи таърихи ДДТ ба номи В. И. Ленин (1983). Ассистенти кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1983 – 1984). Шунавандаи Институти такмили ихтисоси фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии Тошканд (1985), коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷик (1985 – 1986), муаллими мактаби № 17 – и шаҳри Душанбе (1987 – 1991), ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи Таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1992 – 1998), дотсент (1998 –2000), мудири кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносӣ (2000–02), дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ (2003–2009), муовини декани факултети таърих оид ба таълим (2004 – 2009), мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (2009–2016) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон мушовир–бостоншинос дар Пружаи байналмиллалии ҳафриёти бостоншносии Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии исломии Афғонистон(2014–2015). Ҳоло декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз 2016). [1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1998 дар мавзӯи «Инъикоси таърихи халқи тоҷик, аҳди муғул дар таърихнигории Шӯравӣ» (солҳои 1218–1361) рисолаи номзадӣ ва соли 2018 дар мавзӯи "Таърихи маорифи асрии Афғонистон (солҳои 1919–1978)" рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул; қиёси маорифи суннатӣ ва асрии Афғонистон, археологияи аҳди асри миёнаи барвақта.
Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.
Иштирокчии форуми байналхалқии археологҳои ҷаҳон дар шаҳри Шанхайи Чин, маърузаҳо дар донишгоҳи Шимолу – ғарбии шаҳри Сяни кишвари Чин (2016, 2018) ва дар форуми байналмилалӣ “Наследие” Донишкадаи гуманитарии Донишгоҳи давлатии Новосибирск. (2018,2019), конфронси байналмилалии институти таърих ва маданияти модии АИ ФР дар шаҳри Санкт–Петербург. Бахшида ба 100 солагии бостоншинос В.М. Массон (2019) ва конфронси байналмилалии шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон (соли 2019). Аъзои Шӯрои муҳаррирони журнали байналхалқии “Общество: философия, история и культура” Русия.
Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ–методӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ.[2]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- История современного образования в Афганистане (1919 -1978 гг.) Шарифов Рахмонали Ятимович диссертация
- [https://www.academia.edu/35703344/ Р.Я. ШАРИФОВ.СОСТОЯНИЕ СИСТЕМЫ ОБРАЗОВАНИЯ АФГАНИСТАНА В 1945-1959гг.НОМАИ ДОНИШГОҲ. УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ. 2017
, № 4 (53), 322 с.]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Роҳбарият Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович(тоҷ.). historical.tnu.tj (2023). 11 сентябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Роҳбарият Шарифов Раҳмоналӣ Ятимович(тоҷ.). historical.tnu.tj (2023). 11 сентябри 2023 санҷида шуд.
- Зодагони 18 апрел
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Фархор
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон