Jump to content

Раҳнавард Зарёб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳнавард Зарёб
Таърихи таваллуд: августи 1944[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 декабр 2020(2020-12-10)[2] (76 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, нависанда, румоннавис, мунтақиди адабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аъзам Раҳнаварди Зарёб (форсӣ: رهنورد زریاب‎; 1944, Кобул, Афғонистон — 4 декабри 2020, ҳамон ҷо) — рӯзноманигор, муҳаррир, нависанда, тарҷумон, мунаққиди афғонистонӣ. Ӯ асарҳои худро ба забони форсии дарӣ навиштааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳнаварди Зарёб соли 1944 дар Кобул таваллуд шудааст. Падари ӯ аҳли Ғазнӣ ва модараш аз шимоли Афғонистон буд. Зарёб давраи бакалаврии риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Кобул ва магистрии ҳамон ихтисоси Донишгоҳи Вилзи Ҷанубии Бритониёро гузаронидааст.

Зарёб пас аз хидмати сарбозӣ дар нашрияҳое чун «Жвандун», «Ислоҳ-Анис», «Aryana» (ба инглисӣ) ва чанде дигар ба унвони хабарнигор ва сардабир кор кардааст. Баъдҳо масъули бахши достоннависии Иттиҳодияи нависандагони Афғонистон ва раиси ин иттиҳодия кор кардааст.

Ин нависандаи баъди суқути ҳукумати «Толибон», хонаводаашро дар Порис гузошта, худ ба Афғонистон баргашт. Дар замони ҳукумати аввали Ҳомид Карзай муддате мушовири вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон буд, ки баъдҳо ба истеъфо рафт. Солҳои ахир дар гуруҳи расонаҳои «Тулуъ» ба унвони виростор ё муҳаррири бахши забон буд[3].

Ҳамсари Раҳнаварди Зарёб Спужмай Зарёб ҳам аз нависандаҳои номдори Афғонистон аст. Онҳо се фарзанд доранд ва хонаводашон дар Порис зиндагӣ мекунад[3].

Зарёб аз пуркортарин нависандаҳои солҳои ахири Афғонистон дониста мешавад, ки садҳо достону роман навиштааст. Бархе аз достонҳои кӯтоҳи ӯ дар маҷмӯаҳои «Овозе аз миёни қарнҳо», «Марди кӯҳистон», «Дӯсте аз шаҳри дур» ва «Нақшҳову пиндорҳо» чоп шудаанд.

«Шаҳри тилисмшуда», «Марде, ки сояааш таркаш кард», «Ва борон меборид», «Морҳои зери дарахтони санҷид», «Гулнор ва ойина», «Кока шашпар ва духтари Шоҳи париён», «Шӯрише, ки одамизодагон ва ҷонваракон барпо карданд» ва осори зиёди пажуҳишӣ аз корҳои мондагори ин достоннависи варзида дониста мешаванд.

Беморӣ ва даргузашт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳнаварди Зарёб, ки солҳои ахир дар телевизиони «Тулуъ» дар Кобул кор мекард ба бемории куруно мубтало шуда буд[4] ва саранҷом 10 декабри соли 2020 бар асари ин беморӣ даргузашт[3].

  1. Record #2254699 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
  2. 2.0 2.1 2.2 https://pajhwok.com/2020/12/11/celebrated-novelist-rahnaward-zaryab-passes-away/
  3. 3.0 3.1 3.2 Даргузашти Раҳнаварди Зарёб, нависандаи пуровозаи Афғонистон. www.asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus (11 Декабри 2020). 20 Январ 2021 санҷида шуд.
  4. Даргузашти Раҳнавард Зарёб, донишманд ва нависандаи пуровозаи Афғонистон(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 20 Январ 2021 санҷида шуд.