Роберт Бёрнс
Роберт Бёрнс | |
---|---|
Бёрнс, Роберт | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 25 январ 1759[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 июл 1796[3][4][5][…] (37 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | таронасаро, шоир, нависанда, мусиқишинос, кишоварз |
Падар | William Burnes[d][8] |
Модар | Agnes Broun[d][8] |
Ҳамсар | Jean Armour[d] |
Фарзанд | Elizabeth Bishop (Burns)[d] ва Robert Burns[d] |
Имзо |
![]() |
Вебгоҳ | robertburns.org(англ.) |
![]() |
Роберт Бёрнс (англ. ва Шаблон:Lang-Robert Burns) (25.1.1759, деҳаи Аллоуэй – 21.7.1796, Дамфрис) — шоири шотландӣ. Иштиёқманди осори адибони давраи атиқа, Вилям Шекспир ва диг. буд.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз 15-солагӣ шеър менавишт. Достонҳои ҳаҷвии «Ду чӯпон» (1784), «Дуои авлиётарош Вилли » (1785), шеърҳои «Муши даштӣ», «Гули минои кӯҳӣ» Бёрнсро ҳамчун шоири озодандеш шуҳратманд намуданд. Мавзӯъ ва шакли асарҳои Бёрнс ба фолклор монандӣ доранд, аз ин рӯ ҳамчун сурудҳои мардумӣ пазируфта шудаанд. Бёрнс Инқилоби кабири Фаронсаро бо хушнудӣ пешвоз гирифт (шеъри «Нахли озодӣ» ва ғайра). Дар сурудҳои «Макферсон пеш аз қатл» (1788), шеъри маҷозии «Ҷон – донаи гандум» (1782), балладаи «Қашшоқии бошарафона» (1794) андешаҳои пешқадами маорифпарварӣ баён карда шудаанд. Бёрнс ба Эдинбург (1786) рафт, чунки дар он ҷо шуҳрат дошт, вале қарордодҳои асоратбор бо ноширон ӯро қонеъ накунонд ва ӯ дубора ба меҳнати кишоварзӣ баргашт. Аз с. 1791 дар бандари шаҳри Дамфрис (1791) нозири аксизӣ шуд ва то лаҳзаҳои охири ҳаёт он ҷо буд. Баъди даъват ҷиҳати таҳияи сурудҳои шотландӣ барои китоби «Осорхонаи мусиқии Шотландия» (1787–1803), ба ҷамъоварии маводди фолклор машғул гашт. Асари «Мунтахаботи оҳангҳои шотландӣ »-ро (1792) нашр кард. Дар ашъораш Бёрнс инсонро ҳамчун махлуқи беназир васф кардааст. Ба ашъори Бёрнс озодандешӣ, драматизми дохилӣ, салосати баёну содагии ифода хос аст. Шеърҳои Бёрнс ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Избранное, М., 2001; Баллады. Поэмы. Стихотворения. М., 2003.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Елистратова А. А. Р. Бёрнс. Критико-биографический очерк. М., 1957;
- Райт-Ковалёва Р. Я. Р. Бёрнс. 3 изд, М., 1965.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ различные авторы Энциклопедический словарь (рус.) / под ред. И. Е. Андреевский, К. К. Арсеньев, Ф. Ф. Петрушевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1907.
- ↑ group of authors Encyclopædia Britannica (ингл.): a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911.
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ https://data.carnegiehall.org/names/1008887/about (ингл.) — 2017.
- ↑ Бёрнс Роберт // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 8.0 8.1 Pas L. v. Genealogics (ингл.) — 2003.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 25 январ
- Зодагони соли 1759
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Шотландия
- Даргузаштагони 21 июл
- Даргузаштагони соли 1796
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Нависандагони Инглистон