Jump to content

Роҳат Набиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Роҳат Набиева
Роҳат Абдуваҳҳобовна Набиева
Таърихи таваллуд 6 ноябр 1936(1936-11-06)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 4 март 2017(2017-03-04) (80 сол)
Маҳалли даргузашт ш. Душанбе
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДТ ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994)

Роҳат Абдуваҳҳобовна Набиева олим, муаррих, доктори илмҳои таърих (1975), профессор (1978). Узви пайвастаи Академияи байналхалқии Донишгоҳҳои олӣ (1999), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳат Абдуваҳҳобовна Набиева(6 ноябри соли 1936 шаҳри Хуҷанд, Вилояти Суғд) ба дунё омадааст. Хатмкардаи ДДТ ба номи В.И. Ленин (1959). Аспиранти ДДТ ба номи В.И. Ленин (1959-1961). Аз соли 1959 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: муаллим (1962-1963), муаллими калон (1964-1966), дотсент (1967-1979), профессор (1979). Солҳои 1975-2012 мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 1983-1989 декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Чун мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон саҳми худро гузоштааст. ӯ мактаби хосаи илмиро ташкил додааст, дар байни шогирдони ӯ намояндагони Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Корея, Арманистон, инчунин аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, ҳастанд. Набиева Р.А. ноиби раиси Шӯрои кординатсионӣ доир ба фанҳои ҷомеашиносии назди Пажуҳишгоҳи бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон, раиси Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба дифои диссертатсияҳои докторӣ ва номзадӣ аз илмҳои таърих, сарвари Шӯрои илмӣ-методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1979-2003) фаъолият карда истодааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 400 монография, брошюра, барномаҳо, китобҳои дарсию методӣ, маколаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва методӣ дар нашрияҳои гуногун ба табъ расонидааст. Натиҷаи заҳматҳои Р.Набиева дар он аст, ки ӯ дар асарҳояш собит менамояд, ки танҳо Инқилоби Октябр зани тоҷикро озодӣ дод, ӯро ба қуллаҳои баланд то Ќаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ расонид. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол идорае нест, ки зани тоҷик мақому манзалати хоссаи худро надошта бошад. Занону духтарони тоҷик дар роҳбарияти ҳукумат, парлумон, истеҳсолот, тандурустӣ, фарҳанг, хулоса дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, дар баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Таҳти роҳбарии Роҳат Набиева 44 нафар доктору номзадҳои илм рисолаҳои худро дифоъ намудаанд.

Китобҳои асосӣ:

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Занони Тоҷикистон дар мубориза барои сотсиализм. - Душанбе: Ирфон, 1973. – 276 с.;
  • Бонувони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1988. – 96 с. (бо ҳуруфи арабӣ).;
  • Занони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1991. – 261 с.;
  • Саҳми занон дар ҷомеа. - Душанбе: ДДМТ, 1999. – 354 с.;
  • Таърихи халқи тоҷик. (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ) – Душанбе: Сарпараст, 2001. – 240 с.(бо ҳаммуаллифии Файзи Зикриёев);
  • Таърихи халқи тоҷик (дастури таълимӣ-методӣ). - Душанбе, 2004 - 248 с;
  • Научная литература, освещающая героические подвиги женщин Таджикистана на фронтах Великой Отечественной Войны. - Калуга: Эйдас, 2010. – 174-184. (бо ҳаммуаллифии Малика Зикриёева);
  • Таърихи халқи тоҷик барои синфи 11. - Душанбе: Собириён, 2006, 2011– 192 с.(бо ҳаммуаллифии Ф. Зикриёев).;
  • Таърихи Ватан. - Душанбе: Сино, 2012 – 364 с. (бо ҳаммуаллифии Ф.Зикриёев ва М. Зикриёева) ва ғ.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008. - 202 с;
  • Кашофи масъалаи озодии занон. – Душанбе: Сино, 1996. – 92 с.;
  • Олим, устод, ходими ҷамъиятӣ. – Душанбе, 2006. –112 с.;
  • Олимони донишгоҳ. - Душанбе, 1998. с. 188 - 190;
  • Хуҷанд: (Энсиклопедия)- Душанбе, 1999. с. 518 - 519;
  • Душанбе (Энсиклопедия)- Душанбе, 2004. – 372 с.;
  • Равзани нур. – Душанбе: ДДМТ, 2008. – 106 с.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]