Рустам Барот Латифзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Рустам Барот Латифзода
Латифзода Рустам Барот
Санаи таваллуд:

27 ноябр 1960(1960-11-27) (59 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Таҳсилот:

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт — Петербург

Ҳизб:

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Рустам Барот Латифзода аз аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби аграрии Тоҷикистон - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.

Зиндагинома[вироиш]

Латифзода Рустам Барот 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт — Петербургро бо ихтисосҳои инженер — гидротехник ва инженер — эколог хатм намудааст.

Дар вазифаҳои усто, инженер, инженери калони КСМ-31 ва Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой», сармутахассис, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис, сармутахассиси шӯъбаҳои комплекси агросаноатӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мебошад. Узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб гардидааст. [1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Латифзода Рустам Барот(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.