Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)
← 2013 ![]() | |||
Интихоботи президент дар Тоҷикистон 2020 | |||
---|---|---|---|
Интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020 | |||
11 октябри соли 2020 | |||
Интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон — 11 октябри соли 2020 баргузор шуд. Ин интихобот (бо назардошти интихоботи президентии соли 1990 дар ҶШС Тоҷикистон) шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи Тоҷикистони мустақил мебошад.
Номзадҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Номзадҳои сабтиномшуда[вироиш | вироиши манбаъ]
Қарори Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2020 қабул гардид, ки дар он 5 номзади пешниҳодшуда сабти ном шуданд[1].
Номзад | Ҳизб | Маълумоти кӯтоҳ |
---|---|---|
Рустам Латифзода | Ҳизби аграрии Тоҷикистон | Муҳандис, Раиси ҲАТ. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум. Бори аввал дар интохобот ширкат дорад. |
Абдуҳалим Ғаффорзода | Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон | Омӯзгор, Раиси ҲСТ. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,даъвати шашум. Бори севум дар интихобот ширкат дорад. Дар ду интихоботи қаблӣ мақоми панҷумро ишғол кардааст. |
Эмомалӣ Раҳмон | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | Иқтисоддон, Раиси ҲХДТ. Президенти феълӣ аз соли 1994, роҳбари давлат аз соли 1992. Дар се интохоботи пешин ширкат карда пайдарҳам пирӯз шудааст. |
Рустам Раҳматзода | Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон | Иқтисоддон, Раиси ҲИИТ. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,даъвати шашум. Бори аввал дар интохобот ширкат дорад. |
Мироҷ Абдуллоев | Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон | Ҳуқуқшинос, Раиси ҲКТ. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,даъвати шашум. Бори аввал дар интохобот ширкат дорад. |
Номзадҳои сабтиномнашуда[вироиш | вироиши манбаъ]
Комиссияи марказӣ бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии болозикр ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд[2].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Қарори Раиси КМИР дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид(тоҷ.). АМИТ "Ховар". 15 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ КМИР шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи онҳо ба қайд гирифт(тоҷ.). АМИТ "Ховар". 15 сентябри 2020 санҷида шуд.