Рустам Дулоев
Таърихи таваллуд | 15 апрел 1968 (55 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | сарояндаи опера |
Навъи садо | тенор |
Рустам Дулоев (15 апрели соли 1968, деҳаи Ёхсучиён, ноҳияи Кӯлоб) — сарояндаи опера. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Рустам Дулоев 15 апрели соли 1968 дар деҳаи Ёхсучиён, ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (...), Консерваторияи давлатии ба номи А. Ашрафии шаҳри Тошкандро хатм карда (...) аз соли 1987 то 1996 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Солҳои 1996 −1999 маҳорати хешро дар академияи операвии ш. Олимо (Италия) сайқал дода бо сафарҳои ҳунарӣ дар ИМА, Англия, Белгия, Кипр, Норвегия, Олмон, Фаронса ва Русия баромад кардааст. Бо ташаббуси ӯ дар факултаи мусиқии Донишгоҳи Эдмонтони Канада дарси мусиқии тоҷик, аз ҷумла фалаксарои ҷорӣ гардидааст. Ӯ овози беҳамто ва маҳорати хуби сарояндагӣ дошта дар саҳнаи театрҳои ҷаҳон якчанд нақшҳои ҷолибро бозидааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, русӣ ва итолиёӣ хеле хуб садо медиҳад. Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик, аз ҷумла эҷодиёти халқӣ дар хориҷи мамлакат намоишҳо баргузор гардидаанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- rustam.it — вебгоҳи расмии Рустам Дулоев