Jump to content

Рустам Раҳматзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустам Раҳматзода
Рустам Раҳматович Қудратов
Таърихи таваллуд: 24 сентябр 1960(1960-09-24) (64 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҷайҳун, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рустам Раҳматзода, Раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон

Рустам Раҳматович Раҳматзода (Қудратов)  — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қудратов Рустам Раҳматович 24 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии комплекси агросаноатӣ» хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1984 ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз намудааст.

  • Аз соли 1985 то соли 1988 аспирант, солҳои 1989—1994 асисстенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд.
  • Аз соли 1994 то соли 2002 дар вазифаи декани факултаи фермерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2002—2007 ба сифати директори «Маркази миллии таълимии кишоварзӣ» — и Маркази дастгирии хусусигардонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
  • Соли 2002, ӯ ба Маркази миллии таълимии кишоварзӣ оид ба дастгирии хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ба кор рафт.
  • Соли 2005 — Рустам Раҳматзода дар Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва рисолаи докторияшро ҳимоя кард.
  • Аз соли 2007 то 2015 — Роҳбари Маркази рушди кадрҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
  • Соли 2019 — Олимҷон Бобоев моҳи декабри соли 2019 ба истеъфо рафт ва сиёсатмадори ҷавон, Рустам Раҳматзода, Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (соли 2005 таъсис ёфтааст) интихоб шуд.
  • 24 августи соли 2020 Рустам Раҳматзода дар анҷумани пешазинтихоботии ҲИИТ дар Душанбе ҳамчун номзад аз ҳизб пешбарӣ карда шуд. [2]
  • 1 марти соли 2015 — вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.
  • 1 марти соли 2020 — вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.[1]

Рустам Раҳматзода зиёда аз 140 мақолаҳои илмӣ, 5 монография таълиф намуда, беш аз 13 нафар докторону номзадҳои илми иқтисодро тайёр намудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]